РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАРГАР. Мардуми тоҷик давоми ҳазорсолаҳо бо санъати заргарии худ шуҳрат пайдо кардааст.

Январь 31, 2026 08:20

ДУШАНБЕ, 31.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 январ Рӯзи байналмилалии заргар муқаррар гардидааст. Барои ташкили ин рӯз  маротибаи  аввал соли 2002 дар Фестивали «Ангуштарини  тиллоии Русия» дар шаҳри Костромаи Федератсияи Русия тасмим гирифта шуд. Соли 2008 дар шаҳри Тошканд дар Фестивали заргарони ҷавон 31 январ ҳамчун Рӯзи байналмилалии заргарон тасдиқ шуд.

Мардуми тоҷик давоми ҳазорсолаҳо бо санъати заргарии худ шуҳрат пайдо кардааст. Тасдиқи ин гуфтаҳо коллексияи заргарӣ дар осорхонаҳои пешрафтаи ҷаҳон, ба монанди Осорхонаи Британия, Осорхонаи Виктория ва Алберт дар Лондон мебошад, ки дар онҳо ганҷҳои қадимии Амударё ҷойгир шудаанд. Инчунин осори ҳунари заргарии тоҷикон дар Осорхонаи давлатии Русия, Эрмитажи давлатӣ дар Санкт-Петербург, Осорхонаи этнографии Русия дар Санкт-Петербург, Осорхонаи Метрополитен дар Ню-Йорк ва ғайра нигоҳ дошта мешаванд.

Ин ҳунар дар байни мардуми тоҷик, бахусус мардуми Хатлонзамин то ҳанӯз мақоми хосса дошта, таваҷҷуҳи мардум нисбат ба ин касби аҷдодӣ бештар мегардад. Имрӯзҳо дар шаҳри Кӯлоб хонаводаҳои зиёде ҳастанд, ки ҳунари заргариро давоми чандин солҳо аз насл ба насл мерос гузошта, ба он ҳамчун касби авлодӣ арҷ мегузоранд.  Аз ҷумла, заргари ҷавону муваффақ  Озода Ҳакимова  ин ҳунари қадимаро аз бобояш — заргари номии шаҳри Кӯлоб Шоҳқурбон Ҳакимов омӯхтааст.

Озода иброз дошт, ки «аз хурдӣ ёд дорам, бобоям бо аҳли оилаамон ба ин кор машғул мебошанд. Бобоям бароям ҳаққи устодӣ дошта, ман аз 14 – солагӣ мустақилона маснуоти заргариро месохтам. Аввалин ороишоти сохтаам гӯшвораи майдаяке буд, ки бо заҳматҳои зиёде омода шуда буду бароям хеле арзиш дошт». Ин ҳунарманди ҷавон бештари вақташро дар заргархона гузаронида, сохтани ороишоти тиллоӣ барояш ягон мушкилӣ надорад.

«Бештар гӯшвору ангуштарин, гарданбанду қассоба, дастпонаю дастбанд ва ороишоти гуногун омода месозам. Агар нуқраи асл бошад, дар ҳарорати оташ рангаш сафед мешавад, агар қалбакӣ бошад, сиёҳ мегардад», -гуфт ӯ сирри нуқраи аслиро шарҳ дода.

Талабгорони маҳсули дастӣ ӯ зиёданд. Бонувон бештари вақт ба ӯ ороишоти қадима фармоиш медиҳанд. Арӯсон низ дар рӯзҳои хурсандӣ ороишоти сохтаи зинатҳои нақшу нигори классикидошта ӯро истифода мебаранд.

«Ҳунарманд хеҷ гоҳ дар зиндагӣ хор намешавад. Ҳарчанд барои пурра аз худ намудани нозукии ҳар касбу ҳунар заҳмати сангин кашидан лозим меояд. Вақте талабгорони маҳсули дасти ту зиёданду фармоишҳо бисёр ҳама мушкилиҳоро фаромӯш мекуниву хушҳол мешавӣ, ки ҳунар дорӣ»,-илова кард Озода.

Модари Озода бо ду додараш низ ба ин ҳунар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз рӯи ин пеша зиндагии худро пеш мебаранд. Ин хонаводаи ҳунарманд натиҷаи заҳмат ва офаридаҳои бемисли худро дар озмуну намоишгоҳҳои байналмилалӣ пешкаш намуда, соҳиби ҷоизаю мукофотҳо гардидаанд. Маҳсули меҳнати онҳо на танҳо диққати муштариёни дохилӣ, балки хориҷиро низ ҷалб менамояд.

Хотиррасон менамоем, ки аз 24 то 26 марти соли 2025 — дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз таҳти сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии заргарӣ ва Намоишгоҳи Тоҷикистон баргузор шуд.

Масъулини Вазорати  саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки ҳадафи ин форум  муттаҳид намудани устодону дизайнерҳо, истеҳсолкунандагон, сармоягузорон ва коршиносони зиёда аз 15 давлати ҷаҳон мебошад. Ин чорабинӣ барои тарғиби анъанаҳои заргарии тоҷик, табодули таҷриба ва албатта, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ платформаи хосса гардид.

Ҳарчанд заргарӣ таърихан касби занона ва мардона мебошад, аммо дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон, аз ибтидои асри XXI духтарони тоҷик ба ин касб майл ва таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карданд. Вактҳои охир ҳунари заргарӣ ба соҳаи илму технологияи пешрафта табдил меёбад. Имрӯз дар мамлакат теъдоди марказҳои ҳунаромӯзӣ зиёд гардида, дар ин марказҳо бештар ҷавонон касб меомӯзанд.

Дар ин замина бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супориш доданд, ки дар панҷ соли оянда таъсис додани 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи кор ва дар ин раванд баланд бардоштани нақши соҳибкории хурд, косибӣ ва ҳунарҳои мардумиро таъмин созанд.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардиданд. Ин ташаббус ба эҳё гаштани ҳунарҳои азбайнрафтаи мардумӣ ва ҷалби бештари ҳунармандон ба ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла заргарӣ мусоидат намуд.

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон низ ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигоҳдории ин осори ниёгон ба роҳ монда шуда, беш аз 1000  намунаи ҳунари заргарӣ, аз қабили гӯшвор, қулфи гиребон, қоштилло,  пешонабанд, тумордон, ангуштарин, дастпона, зеби гардан, сарсӯзан, камарбанд ва ғайра ҳифзу нигоҳдорӣ ва ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 31, 2026 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст