САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд
ДУШАНБЕ, 31.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи миллати мо вожаи «ҷашн» (аз решаи тоҷикӣ-форсӣ ба маънои сутудан, парастидан, ниёиш) анҷоми расму ойинҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллӣ, баргузории базму сурро, ки ба инсонҳо хурсандӣ, шодӣ зам мекунад, мефаҳмонад. Ба ҷашнҳои мавсимӣ чор ҷашни бостонии ниёконамон дохил буданд. Донишмандон онҳоро ба чаҳор подшоҳи зиндагисоз ва фарҳанггустари Пешдодиён нисбат додаанд, яъне ҷашни Садаро ба Ҳушанг, ҷашни Наврӯзро ба Ҷамшед, ҷашни Тиргонро ба Ораши камонгир ва ҷашни Меҳргонро ба Фаридун.
Дар мавриди таърихи пайдоиш, анъанаю суннатҳои ин ҷашнҳо то имрӯз иттилоъ ва маводи фаровон захира шудааст, ки як кохи бегазандро ташкил дода, тамоюли ҳувиятшиносӣ доранд. Бо вуҷуди ин, ҷанбаҳои мухталифи онҳо то ҳол пурра таҳқиқ карда нашудаанд.
Чунончи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд, «Сада дар баробари ҷашнҳои воқеан мардумии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон яке аз ойинҳои куҳантарини мардумони ориёитабор, аз ҷумла мо, тоҷикон буда, баъди гузашти асрҳои зиёд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид».
Дар байни ин ҷашнҳо Сада дар баробари идҳои мавсимии Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон аз ҷашнҳои бостонӣ буда, маншаъ аз фалсафаи куҳан дорад. Нур ё гармӣ (оташ) ҷавҳар ва ё худ рамзҳои он мебошанд, ки асли зиндагиофарӣ дошта, инсонро барои мубориза бурдан бар зидди қувваҳои бадӣ, шоиста зистан, муҳофизат кардани худ аз сармо ва торикӣ ҳидоят менамоянд, зеро инсон ҷузъи табиат аст ва ҳаёту зиндагии ӯ маҳз бо иртибот доштанаш ба унсурҳои табиат маъно мегирад. Аз ин рӯ, аз лиҳози фалсафӣ ин вижагиҳои ҷашни Сада далели онанд, ки он ба таълимоти ҳастишиносии зардуштӣ, ки нур ва ростиро муқобили торикӣ ва дурӯғ мегузорад, шабоҳат дорад.
Вожаи «Сада» дар китоби «Авесто» ба маънои тулуъ ва ғуруб, фарозу фуруди хуршед, падид омадан, равшан шудан, зоҳир шудан, тавзеҳ ёфтааст. Аз ин фаҳмиш бармеояд, ки мафҳуми «Сада» на фақат ифодакунандаи масоили иҷтимоӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ, ҳувиятшинохтӣ, балки ҷанбаи кайҳонӣ низ дорад. Абурайҳони Берунӣ аз лиҳози этимологӣ пайдоиши мафҳуми Садаро бо шумори «сад», ки панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз аз он то Наврӯз мондааст, тавзеҳ медиҳад.
Сада таърихан миёнаҳои фасли зимистон, даҳуми моҳи баҳман, мувофиқ ба охири моҳи январи солшумории мелодӣ бо афрӯхтани гулхан, ки рамзи пирӯзии равшанӣ бар торикӣ, мубориза ба муқобили сармо ва ё марг, наздикшавӣ ба гармӣ, муждаи омадани фасли зиндашавии табиат- Наврӯзро ифода менамуд, таҷлил карда мешуд. Ин аст, ки дар фарҳанг ва фалсафаи ориёӣ оташ намоди равшанӣ, таркиби махсуси чаҳорунсур, ки офариниши мавҷудот аз он низ вобастагӣ дорад, маншаъ мегирад.
Ҳамзамон Сада чун дигар ҷашнҳои бостонии аҷдодиамон ҷашни мазҳабӣ нест ва ба ягон идеологияи динӣ вобастагӣ надошт. Он ҷашни табиӣ-фалсафӣ буда, ба мисли ҷашнҳои дигар мардумро ба поккорию ростгӯӣ, некандешию хайрхоҳӣ, ватандӯстию хештаншиносӣ, дӯстию рафоқат, иттиҳоду сарҷамъӣ даъват мекард. Бавижа, дар гирди гулхан сарҷамъ гашта, сурудхонӣ ва рақсу хурсандӣ кардан, ҳангоми тоза кардани рӯдҳову ҷӯйборҳо ба тариқи ҳашар ба ҳамдигар дасти мадад расонидан, омода кардани навъҳои тухмиҳо барои кишт ва ғайра муттаҳидӣ ва ваҳдати мардумро нишон медод.
Ба маънои дигар, тавре ки фарҳангшиноси тоҷик С. Раҳимов иброз намудаанд, «Сада ва Меҳргон – ҷашн ва фарҳанги кишоварзӣ, падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд, зеро ҷашнҳои номбурда якҷоя бо ҷашни Наврӯз моҳияти ҷомеасозӣ ва ҷомеамандӣ, созандагӣ, диду идеалҳои покроӣ, некбинӣ, садоқат ба замину меҳнат ва инсонро ифода мекарданд».
Ҷашнҳои миллӣ, бахусус Сада бо фалсафаи худ марзҳоро убур карда ва то ба замони имрӯз расида, рӯз ба рӯз боз таҳаввул ёфта истодааст.
Таҷлили ҷашни Сада барои миллати тоҷик ва дар Тоҷикистони муосир вижагириҳои хоси худро дорад. Аз ҷумла:
— ҳамчун арзиши фарҳанги кишоварзӣ ба мардум омодагӣ ба оғози корҳоро дар фасли баҳор — фасли зиндашавии табиат ҳушдор медиҳад;
— моҳияти ҷомеасозӣ, муттаҳиднамоии мардумро дошта, диди некбинона ва садоқат ба инсон, замину меҳнатро ифода мекунад, ки маҳз чунин тамоюлгирии он давоми қарнҳо барои бақои он нақши муассир гузошт;
— мардумро ҳушдор медиҳад, ки асбобу воситаҳои техникӣ, иншооти обтаъминкуниро, ки барои коркарди замин ва омода кардани он ба кишт, сари вақт обёрӣ кардан ниёз доранд, таъмир карда, дар ҳолати корӣ нигоҳ доранд ва навъҳои тухмиҳоро аз санҷиш гузаронида, дар ҷойи мусоид барои кишту кор захира намоянд. Инчунин ҷӯйбору рӯдҳоро тоза карда, ба ҳолати истифода мусоид гардонанд;
— агар ҷашни Наврӯз аз фарорасии фасли баҳор мужда диҳад ва Меҳргон ҷашни ҷамъоварии ҳосили бо заҳмат ва ранҷ парваришкардаи деҳқон бошад, пас Сада омодагии ҷиддӣ ба оғози корҳои баҳорӣ мебошад. Аз ин рӯ, ин ҷашнҳои миллӣ монанд ба ҳалқаи занҷира аст, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кардан нашояд.
Имрӯз мо ҷашни Садаро на танҳо чун ёдгории куҳани аҷдодӣ муаррифӣ менамоем, балки вобаста ба пешрафти ҷомеаи техногенӣ ба он арзишҳои нав ворид месозем ва шукуҳу ҷалоли тоза мебахшем, то ташаккулу таҳаввул ёбад. Бавижа, гулханандӯзӣ, ташкили ҳашар барои тоза кардани ҷӯйбору рӯдҳо, омода кардани заминҳои нав барои кишту кор ба ҳукми анъана бояд дарояд ва мардуми заҳматқарини Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба ободонию созандагӣ ҳидоят намояд.
Нозим МАҲМАДИЗОДА,
директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои фалсафа, профессор








Покиву покизагии гирду атроф ва зеҳну қалбҳо яке аз ҷанбаҳои муҳими ҷашни Сада ба ҳисоб меравад
Дар Академияи миллии илмҳо ҷашни Садаро бо намоиши дастовардҳои олимони соҳаи кишоварзӣ таҷлил намуданд
Бахшида ба ҷашни Сада дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»
«ЗАРДИИ РӮЯМРО БИГИР, СУРХИИ РӮЯТРО БИДЕҲ». Ҷашни Сада таҷассуми одатҳои неки башардӯстона мебошад
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАРГАР. Мардуми тоҷик давоми ҳазорсолаҳо бо санъати заргарии худ шуҳрат пайдо кардааст.
Имрӯз дар Душанбе ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад
САДА — ҶАШНИ СУННАТИИ КИШОВАРЗОН. Он мардумро ба покизагӣ, некандешӣ, ватандӯстӣ ва дӯстию рафоқат ҳидоят менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» дар таҳрири нав таҳия шудааст
2 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 филмҳои миллӣ дар платформаи нави синамоии «tojikfilm.tv» намоиш дода мешаванд






