САДА АЗ ОМАДАНИ БАҲОР ВА АНҶОМИ САРМО БАШОРАТ МЕДИҲАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон

Январь 31, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 31.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сада ҷашни бузурги бостонии ориёиҳо, пирӯзии рӯшноӣ, гармӣ ва некӣ бар торикӣ  мебошад.  Ҷашни Сада мардумро аз наздик шудани фасли баҳор ва ҷашни Наврӯз огоҳ менамояд. Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни  Сада охири моҳи январ таҷлил мегардад.

АМИТ «Ховар» ба муносибати ҷашни Сада иқтибосҳоро аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод менамояд:

— Имрӯз ин се ҷашни миллии мо – Наврӯз, Сада ва Меҳргон бо номҳои равону зебои тоҷикии худ аз ҷониби мардуми фарҳангпарвари ҷаҳон пазируфта ва таҷлил карда мешаванд.

***

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ чор ҷашни миллиамон, ки дар чор фасли сол бо расму ойинҳои ба худ хос таҷлил карда мешаванд, на танҳо эҳёву оммавӣ гардидаанд, балки тадриҷан дар миқёси олам низ нуфузу эътироф пайдо мекунанд.

***

Ҷашни Сада аз ҷумлаи расму ойинҳои аҷдодие мебошад, ки аз даврони хеле қадим ба мо мерос монда, бо ҷашнҳои дигари миллиамон, бахусус Наврӯзи байналмилалӣ иртиботи қавӣ дорад.

***

Номи ҳама ҷашнҳои бостонии мо дар забони модарии ширину гуворои мо реша дорад ва калимаи «сада» вожаи ноби тоҷикист, ки аз адади сад таркиб ёфтааст.

***

Ҷашни Сада аз айёми бостон то имрӯз ҳамроҳ бо як силсила расму ойинҳо, одобу суннат ва бовару эътиқодҳо омада расидааст.

***

Моҳият ва асли ҷашни Сада пирӯзии шодию сурур бар ғаму андӯҳ, гармо бар сармо, равшанӣ бар зулмот ва некӣ бар бадиро ташкил дода, гулхани фурӯзони оташ рамзи асосии ин ҷашн мебошад.

***

Ҷашни Сада аз омадани баҳор, омода шудани замин барои кишту кор, огоҳӣ аз анҷоми фасли сармо ва наздик омадани Наврӯз – соли нави аҷдодӣ башорат медиҳад.

***

Панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз пеш аз фарорасии ҷашни Наврӯз таҷлил гардидани Сада кишоварзони моро водор месозад, ки ба истиқболи сазовори Наврӯзи ҷаҳонӣ ва киштукори баҳорӣ омодагии ҳаматарафа бинанд.

***

Ниёгони мо пас аз гузаронидани ҷашни Сада ба ниҳолшинонӣ ва ба тартиб овардани дарахту боғҳо машғул мешуданд.

***

Сада рамзи пирӯзии гармию нур бар сардӣ ва торикӣ ба ҳисоб рафта, рамзи асосии он гулхани фурӯзони оташ мебошад.

***

Яке аз рамзҳои ҷашни Сада аз болои оташ паридану нияти саломатию тандурустӣ ва рӯйсурхӣ кардан мебошад, ки то кунун дар байни мардуми мо чун маросими «аловпарак» маъмул аст.

***

Имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст.

***

Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бояд арзишҳои миллии худро, ки ҷашнҳои миллӣ ҷузъи муҳимми онҳо мебошанд, ҳифз карда, барои боз ҳам таҳкиму густариш ёфтани онҳо мусоидат намоем.

***

Мо бояд расму ойини гузаштагони худро идома бахшем, такмил диҳем ва бо назардошти вазъияту талаботи замони муосир васеъ истифода намоем.

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 31, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар