«ШОҲИН ЭЙР» ДАР КАНОРИ АБРҲО. Дар Тоҷикистон ширкати нави ҳавопаймоии хусусӣ ба фаъолият шуруъ намуд
ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ширкати нави ҳавопаймоии хусусии «Шоҳин Эйр» таъсис дода шуд. Дар ин хусус Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода 28 январ дар нишасти матбуотии Агентии авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионии мамлакат иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки ҳоло ширкати нави ҳавопаймоии хусусии «Шоҳин Эйр» ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар масъалаи дастрас намудани ҳавопаймоҳо бо ширкатҳои бонуфуз гуфтушунид доранд.
Ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйр» дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ду ширкати ҳавопаймоӣ — «Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» фаъолият менамояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






