Соли 2025 табибони тоҷик беш аз 203 ҳазор амалиёти ҷарроҳии беморхонавӣ гузарониданд
ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 табибони тоҷик 203 ҳазору 563 амалиёти ҷарроҳии беморхонавӣ гузарониданд, ки нисбат ба соли 2024 20014 адад ё 10 фоиз зиёд мебошад. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода баён намуд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 дар мамлакат 183 549 амалиёти ҷарроҳии беморхонавӣ гузаронида шуда буд. Соли 2025 бо усули муосир 28 624 ҷарроҳии миниинвазивӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба соли 2024 18,6 фисад зиёд мебошад.
Таъкид гардид, ки бо мақсади фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш фаъолият дар самти мазкур идома ёфта, соли 2025 дар 330 нафар бемор амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо (2024-295) гузаронида шуд. Аз ин шумора пайвандсозии гурда 222 адад ва пайвандсозии ҷигар 108 ададро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Ҷамолиддин Абдуллозода, аз теъдоди умумии ин беморон 99 нафарро кӯдакон (64 ҳолати пайвандсозии гурда, 35 ҷарроҳӣ дар ҷигар) ташкил медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ ба 95 бемори хориҷӣ амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шуд.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 аз ҷониби мутахассисони ватанӣ дар умум 72 навгонӣ ворид карда шуд. 14 навгонии он дар самти ташхис ва 58 навгонӣ дар самти табобат мебошад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар






