Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
ДУШАНБЕ, 13.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҷиҳати амалисозии қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ намуд. Аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028»-ро баргузор мегардад. Баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд оид ба обу иқлим дар мамлакат на танҳо дар ҳалли мушкилоти сокинони сайёра, балки ба қавитар гаштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, бо эҳтимоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти беҳдошти захираҳои обию вазъи иқлими сайёра, ҳифзи пиряхҳо барои ҳалли қазияву хатарҳои мавҷуда чун ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтанд.
Ин падидаи нодир барои вусъати рӯзафзуни обрӯю нуфузи ҷумҳуриамон дар сатҳи байналмилалӣ нақши муҳим бозида, ҳамзамон дар баррасии масоили марбута ва тарҳрезии талошҳои пайваставу хастагинопазир бо мақсади ҳалли мушкилоти мавҷуда ва густариши ҳамкории судманд дар арсаи байналмилалӣ пешоҳангу номвар маҳсуб мешавад.
Аҳамияти пиряхҳо ба сифати манбаъҳои асосии захираҳои об дар таъмини аҳолии сайёра бо ин неъмати табиӣ, ки сарчашмаи ҳаёт аст, хеле муҳим мебошад. Аз ин лиҳоз, обшавии босуръати пиряхҳо яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар сатҳи ҷаҳонӣ буда, оқибатҳои манфӣ ба бор меорад. Бинобар ин, ташаббусҳои Сарвари давлати мо роҷеъ ба ҳифзи пиряхҳо ва рафъи норасоии об аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ саривақтӣ арзёбӣ шуда, аҳли башарро аз дигаргуниҳои ҷиддии табиат ҳушдор дод. Маҳз иқдоми навбатии Пешвои миллат — сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ аз таҳдиди обшавии пиряхҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба андешидани тадбирҳои фаврӣ ва муҳим водор намуд.
Давоми чанд соли охир, воқеан ҳам, тағйирёбии ҷиддии иқлим ба назар расида, дар натиҷаи гармшавии ҳаво обшавии пиряхҳо, ки сарчашмаи асосии захираи оби ошомиданӣ ба шумор мераванд, бештар дида мешавад. Ин ҳолат дар ояндаи наздик метавонад фалокатҳои ногувори иҷтимоию хисороти зиёди иқтисодӣ ба вуҷуд биёрад. Аз ин рӯ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки муносиби раванди мазкур пайваста масъалаи ҳифзи пиряхҳоро дар сатҳи минтақа ва байналмилалӣ ба муҳокимаи умум гузошта, аз оқибати харобиовари он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста ҳушдор медиҳанд.
Ҳамин гуна таъкидҳо ва дархостҳои пайвастаи Пешвои миллат боиси он гаштанд, ки ниҳоят ҷомеаи демократию байналмилалӣ сари ин масъала андеша намуда, 14 декабри соли 2022 зимни баргузории иҷлосияи 77-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи муфид роҷеъ ба ҷонибдории ташаббуси панҷуми ҷумҳуриамон – пешниҳоди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро бо иттифоқи оро ва якдилона қабул намояд.
Инчунин дар назди Созмони Милали Муттаҳид Бунёди махсуси мақсадноки байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ бо мақсади ҳифзи минбаъдаи пиряхҳо таъсис гардида, бар замми ин, дар ин раванд ҳамасола таҷлил намудани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муайян карда шуд. Дар робита ба ин пешниҳоди муфид соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи байналмилалӣ оид ба масоили ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, ки он пойтахти мамлакатро ба маркази муҳими тасмимгирӣ барои масъалаҳои наҷоти сайёра табдил дод.
Бояд гуфт, ки қабули қатънома аҳамияти пиряхҳоро ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳоро ба иқлиму муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор басе муҳим арзёбӣ кардааст.
12 декабри соли 2025 бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ» қабул карда шуд. Ҳамин тавр, бо қабули ташаббуси шашуми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яъне «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» нақши боризи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳо дар арсаи ҷаҳонӣ бори дигар собит гардида, давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар доираи ин даҳсола изҳори омодагӣ менамоянд.
Сарвари давлат Тоҷикистонро имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҷумҳурии пешсафу ташаббускор оид ба масъалаҳои об муаррифӣ намуданд ва аҳли башар ин ибтикори башардӯстонаро бо камоли эҳтиром ва эътирофи том пазируфт. Дар маҷмуъ, ташаббусҳои ҷониби Тоҷикистон низ ба Ҳадафҳои рушди устувор расман зери унвони «Табдилдиҳии ҷаҳони мо: рӯзномаи ҷаласа дар соҳаи рушди устувор барои давраи то соли 2030» пайвастагӣ доранд. Об дар мамлакати мо ҳамчунин сарчашмаи энергияи «сабз» мебошад. Тоҷикистон аз нигоҳи захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва аз рӯи тақсимоти онҳо ба ҳар сари аҳолӣ ҷойи дуюмро ишғол менамояд.
Ташаббуси навбатии Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳонӣ иқдоми умедбахшест, ки мушкилоти ҳифзи пиряхҳоро то дараҷаи зарурӣ бартараф хоҳад кард, зеро дар ин самт чораҳо ва корҳои зиёде анҷом хоҳанд ёфт ва аксари мушкилот бо ҳамкорӣ, маблағгузорӣ ва дастгириҳо бартараф хоҳанд шуд. Эътимод бар он дорем, ки бо ҳидояту роҳнамоиҳои дурандешонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи муносибатҳои байналмилалӣ мувофиқ бо талаботи замон ва ниёзҳои Тоҷикистон ба вуҷуд омада, бо мурури замон мукаммал гардида, манфиатҳои миллиамон дар тамоми ҷаҳон ҳифз карда мешаванд.
Паёмҳои ҳамасолаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва ташаббусу ибтикороти таърихии ин фарзанди фарзонаи миллат ба мардуми шарафманди ҷумҳурӣ пайваста руҳу илҳоми тоза мебахшанд. Бо назардошти манфиатҳои милливу давлатӣ пешбурди сиёсати «дарҳои кушод», инчунин ба роҳ мондани ҳамкории мутақобили судманд бо давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ барои ояндаи дурахшон ва рушду нумӯи минбаъдаи мамлакат имконияти нав ба нави иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам месозанд.
Раҳматулло КАРИМЗОДА,
сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷаҳони ҳунар»-и Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС аз манбаъҳои боз








САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пӯдина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруф аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид






