Тоҷикистон таҷрибаи пешрафтаи байналмилалиро дар раванди баҳодиҳии хавфҳои ҚД/МТ/МПСҚО амалӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 28.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкорӣ бо Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар соҳаи муомилоти дороиҳои маҷозӣ оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Бо ин мақсад дар доираи сафари коршиноси сатҳи байналмилалӣ хонум Грета Барскайнскене дар Тоҷикистон ( аз 19 то 23 январ) дар Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори мамлакат вохӯриҳои дуҷонибаю бисёрҷониба баргузор гардиданд.
Дар вохӯриҳо масъалаҳои марбут ба гузаронидани баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар соҳаи муомилоти дороиҳои маҷозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни мулоқот раванд ва методологияи баҳодиҳии хавфҳо, таҷрибаи байналмилалӣ дар самти танзим ва назорати дороиҳои маҷозӣ, инчунин хавфҳои эҳтимолии вобаста ба истифодаи онҳо барои мақсадҳои ғайриқонунӣ муҳокима шуданд. Иштирокдорон зарурати таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва такмили заминаи меъёрии ҳуқуқиро дар ин самт таъкид намуданд. Таъкид гардид, ки натиҷаҳои баҳодиҳии хавфҳо метавонанд ҳамчун асос барои таҳияи тадбирҳои минбаъдаи танзим ва баланд бардоштани самаранокии чораҳои пешгирӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳои марбут ба дороиҳои маҷозӣ мавриди истифода қарор дода шаванд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои идомаи ҳамкорӣ, табодули иттилоот ва татбиқи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар раванди баҳодиҳии хавфҳо изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Таҳкими ҳамкории дуҷониба ва рушди бахши молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






