21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд

Февраль 21, 2026 08:20

 ДУШАНБЕ, 21.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон дар асоси қарори сессияи 30-юми конференсияи генералии ЮНЕСКО 21 феврал Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эътироф гардидааст. Бо ин мақсад ҳамасола дар Тоҷикистон ҳамоишу конфронсҳои гуногун баргузор мегарданд.

Дар моддаи дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин меъёр муқаррар карда шудааст, ки «забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқияте, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода кунанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар кардааст, ки забони давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонеро, ки забони модариашон дигар аст, маҳдуд намекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд, барои ҳамаи забонҳое, ки дар ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор доранд, кафолати ҳуқуқӣ ва муносибати боэҳтиромонаро таъмин менамояд, баробарии ҳамаи шаҳрвандонро дар назди қонун, сарфи назар аз забони модарии онҳо ҳимоя мекунад».

 Яъне, тибқи ин санад ба забони модарии ҳама қавму миллатҳо дар Тоҷикистон эҳтиром гузошта мешавад. Дар ин замина як нуктаи бисёр муҳим ин аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат (25 марти соли 2004) таъкид намуданд, ки «забон дар ҳақиқат асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат аст. Ифтихор аз Ватану аз миллат ва ҳувияти миллӣ аввалтар аз ҳама дар поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ифода меёбад. Таърих гувоҳ аст, ки баъди гум кардани забони модарӣ миллат низ дер ё зуд тафаккур, ифтихор ва ҳатто давлату давлатдории миллии худро аз даст дода, забон ва унсурҳои фарҳангии бегонаро мепазирад». Ин аст, ки дар баробари эҳтиром гузоштан ба забони модарии қавму миллатҳои гуногуни муқими Тоҷикистон ба забони модарии мардуми бумии он – тоҷикон, ки ҳамзамон забони давлатии кишвар ба шумор меравад, бояд аҳаммияти хосса зоҳир намуд. Тадбирҳои дар давраи истиқлол андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои равнақу ривоҷи он тамоми шароитро фароҳам овардааст, ки аз онҳо бояд самаранок истифода намоем.

Дар замони соҳибистиқлолӣ барои пешрафти забони модарӣ ҳама шароит ва имконот фароҳам гардида, дар тамоми соҳаҳо такмил ёфта, пояҳои он мустаҳкамтар мешаванд. Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «умри миллат ба умри забон вобаста аст. Барои он ки номи миллат аз саҳфаи таърихи башарӣ нобуд нашавад, бояд чароғи раҳнамои худшиносию худафрӯзиаш – забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад» (8 сентябри соли 2005). Ин таъкиди Пешвои миллат барои тамоми давру замон буда, баъд аз гузашти ҳазорон сол моҳияти илмиашро боз ҳам бештар ва мубрамтар мегардонад, зеро чароғи роҳнамои миллат будани забони модарӣ барои ҳамешагист.

Дар забонамон истилоҳоти забони тоҷикӣ, забони миллӣ, забони оммафаҳм, забони модарӣ, забони умумихалқӣ ва ғайраҳо мавҷуданд, ки аз ҳамдигар фарқ мекунанд, ҳарчанд ки аломат ва хусусияти умумӣ ҳам доранд.

Забони модарӣ забоне дар назар дошта мешавад, ки аз овони ширхорагӣ онро аз модару падар, бародару хоҳар ва ҳамқавмон шунида, ёд гирифта, ба он такаллум карда мешавад. Мутобиқи консепсияи маъмули сотсиолингвистӣ, забони модарӣ забонест, ки онро одам бе омӯзиши махсус аз даврони тифлӣ дар муҳити забонии махсуси хонаводагӣ меомӯзад ва ин аввалин забонест, ки шахс онро аз худ мекунад. Аммо аз тифлӣ имкони азбар кардани забонҳои дигар ҳам вуҷуд дорад, ки он берун аз муҳити хонаводагӣ (кӯдакистон, мактабҳои махсус ва ғайра) аст ва онҳоро метавон забонҳои дуюм ва сеюм номид. Меъёрҳое, ки забони модарӣ буданро муайян менамоянд, зиёд нестанд: 1.Тартиби азхудкунӣ. Мутобиқи ин меъёр забони модарӣ дар оила аз ҳомилони забон — волидайн ба таврӣ табиӣ бе тадрис аз худ карда мешавад. 2. Сифати аз худ кардани забон. Чун аз тифлӣ аз наздиктарин шахсон омӯхта мешавад, забони маънавиёти одам шуда, латифтарин маъниҳои забониро бо он метавон баён кард.  3. Доираи истифода.

Дар байни забонҳое, ки инсон меомӯзад, забони модарӣ серистеъмолтарин ва фаҳмотарин забон маҳсуб мегардад, зеро бо вай аз рӯзҳои аввали ҳаёташ рӯ ба рӯ мешавад. Ин аст, ки баъзан одамон аз доираи забони адабии меъёр берун рафта, бо гӯйиши маҳаллӣ суҳбат карданро авлотар медонад.

Бо таваҷҷуҳ ба гуногунмиллатии кишварҳо дар ҳар мамлакате имкони будани чандин забони модарӣ мавҷуд аст ва ин миллатҳо барои истифодаи забони модариашон ҳуқуқи баробар доранд. Дар Тоҷикистон аксариятро тоҷикон ташкил мекунанд ва аз ин рӯ забони модарии аксари аҳолии онро забони тоҷикӣ ташкил менамояд ва забони тоҷикӣ ба унвони забони модарии мардуми тоҷик дониста мешавад. Бо вуҷуди ин, дар Тоҷикистон дар баробари забони тоҷикӣ забонҳои бе хати эронинажоди бадахшонӣ ва яғнобӣ мавҷуд аст, ки аз забонҳои шарқи эронии давраи миёнаи таърихи забонамон маншаъ мегиранд ва забони модарии шахсоне, ки ба ин забонҳо гап мезананд забони яғнобӣ, рушонӣ, шуғнонӣ, язғуломӣ, бартангӣ, рошорвӣ, вахонӣ, мунҷонӣ ва ғайра мебошад. Бо сабаби он ки забони тоҷикӣ қаробати мустақими хешии таърихӣ бо забонҳои мазкур дорад ва дар мактабҳои ин мардум ба ҳайси забони асосӣ омӯхта мешавад, онро метавон забони модарии онҳо низ номид. Аммо дар Тоҷикистон дар баробари миллати тоҷик миллатҳои узбек, рус, қазоқ, қирғиз, туркман ва ғайра умр ба сар мебаранд, ки забони модариашон аз доираи гурӯҳи забонҳои эронӣ берун аст ва забони модариашон узбекӣ, русӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва ғайра мебошад. Дар муҳити бисёрзабонӣ яке аз забонҳои модарӣ метавонад ба ҳайси забони миёнрави байни қавму миллатҳо хизмат кунад, ки натиҷаи он то ба забони муоширати байналқавмию байни миллатҳо ташаккул ёфтани он мегардад. Яъне дар асоси ташаккули меъёрҳои забони модарии ин ё он қавму миллат метавонад забони миллии он кишвар ба вуҷуд омада, ба унвони забони давлатӣ қабул гардад. Ҳамин хусусиятро дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ дорад, зеро он давоми  садсолаҳо ба унвони забони модарии аксарияти мардуми ин сарзамин тараққӣ карда, ҳамчун забони миллӣ сабзида, меъёрҳои савтӣ, сарфию наҳвӣ ва луғавии он сайқал ёфта, барои таъмини ниёзҳои мардуми сарзамин тамоми имконоти забониро доро мебошад.

Дар дунё забонҳои модарие мавҷуданд, ки таркиби луғавии бой надоранд ва дар давраи ибтидоӣ зиндагӣ мекунанду ниёзҳояшон бо ҳамин калимаҳо бароварда мешаванд, аммо забонҳои модарии дигаре аст, ки фонди асосии луғавӣ ва таркиби луғавии пуриқтидор доранд ва дорои ҳазорон калимаю ибора, фразеологизмҳо, зарбулмасалу мақол ва таркибҳои гуногун мебошанд. Забонҳои пуриқтидори модарӣ аз доираи хонаю маҳал ва минтақа убур карда, метавонад сарзамини бузургеро бо ҷамъияти миллионнафарӣ фаро гиранд. Таркиби луғавии ин гуна забонҳо барои баёни истилоҳоти соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардум, аз қабили истилоҳоти хешутаборӣ, кишоварзӣ, тиббӣ, боғдорӣ, ҷангал, роҳсозӣ, топонимӣ, антропонимӣ, чорводорӣ, мурғпарварӣ, шикор, ҷашну маросим, шеъру адаб, фолклор, касбу кор  (оҳангарӣ, кулолӣ, заргарӣ, мисгарӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва ғ) имконияти фаровон дорад. Яке аз ҳамин гуна забонҳо забони модарии мардуми тоҷик аст. Модари тоҷик фарзандашро аз гаҳвора забон меомӯзонад, ки ин тавассути шеъру суруд, афсона ва таронаҳои дилнишинаш ба ӯ муяссар мегардад ва дар онҳо мавзуъҳои гуногунмазмун: ғаму шодӣ, танҳоӣ, ғурбат, ватандӯстӣ, паҳлавонӣ, ҷасурӣ, накуӣ, садоқат, меҳру муҳаббат, ростию дӯстӣ ва ғайра тараннум мегарданд ва ин забонро, бешубҳа, метавон забони модарӣ ном гузошт. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони модарӣ ҳамрадифи забони давлатӣ – забони тоҷикӣ аст ва забони миллии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ин, имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони модарии миллионҳо сокинони бумии кишварҳое, чун Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ҳиндустон, Покистон ва ғайра мебошад, ки тоҷикон аз қадимулайём дар он минтақаҳо зиндагонӣ менамоянд. Аммо дар Тоҷикистон забони давлатӣ забони модарии аксарияти сокинони ин мамлакат буда, «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷииктсон қабул карда шудааст, пешрафти босуботи ин забонро дар даҳ соли оянда таъмин менамояд.

Сахидод РАҲМАТУЛЛОЗОДА,
Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 21, 2026 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад