«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт

Март 14, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 14.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» намоиши анъанавӣ ифтитоҳ гардид. Намоиши мазкур то 23 март идома меёбад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Иттилоъ дода шуд, ки аз Наврӯзи соли 2025 то Наврӯзи оли 2026 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 5 осори гуногуни таърихию фарҳангӣ, аз қабили мусаввараҳо бо номи «Тоҷикистони воҳид», «Девори бузурги Чин», «Дуои Модар», Сертификати гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури навъи тоифии гулобии дараи Алмосӣ ва «Кӯза бо нақшу нигори тоҷикӣ» ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардидаанд.

Дар намоиши «Аз Наврӯз то Наврӯз» ашёи нави дорои моҳияти таърихию фарҳангӣ, ки давоми як сол, яъне аз Наврӯзи 2025 то Наврӯзи 2026 бо роҳҳои гуногун -экспедитсияҳо, харид, қабули туҳфа ҷамъоварӣ гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Ҷойгоҳи махсусро дар намоиш гулдӯзии чакани мунаққаш, ки аз ҷониби 6 нафар чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб дар муддати 6 моҳ ба андозаи 6х6 метр офарида шудааст, дар бар мегирад. Ин нигора калонтарин гулдӯзии Осорхонаи миллӣ ба шумор меравад.

Ҳамзамон дар намоиш дастоварди нодири бостоншиносони Осорхонаи миллӣ — кӯзаи дудастаи обгирӣ бо хати қадимаи бохтарӣ, ки зимни баргузории ковишҳои бостоншиносӣ аз ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон кашф гардидааст, ба аҳли намоиш муаррифӣ карда шуд. Таркиби осори ба намоиш гузоштаро маводи бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, нусхаҳои дастнавис, китобҳои чопи сангӣ, мусаввараҳо, сиккаҳои давраҳои гуногун, навъҳои гуногуни сӯзаниҳо ва ҷомаву куртаҳои чакан, ки инъикосгари таъриху фарҳанги қадимаи халқи тоҷик мебошанд, ташкил медиҳанд.

Гуфта шуд, ки дар ин муддат ба фонди Осорхонаи миллӣ 665 намунаи гуногуни мероси таърихию фарҳангӣ ворид гардид, ки аз ин шумора 240 адади он тавассути комиссияи фондӣ харидорӣ гардидааст. 182 адад аз ҷониби бостоншиносони муассиса аз ёдгориҳои ҳудуди кишвар кашф шуда ва 243 адади дигар аз ҷониби шахсияту мақомоти гуногун ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардидаанд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Март 14, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд