6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 05.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 феврал дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ соати 10:00 доир мегардад.
Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор карда мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ соати 14:00 доир мегардад.
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ соати 09:00 ва дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун соати 10:00 баргузор мегарданд.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






