Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
ДУШАНБЕ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тибқи қарор, шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамчун ҳамоҳангсози «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз — 2026» муваззаф карда шудааст.
Дар асоси тақвим дар рӯзҳои баргузории Иди байналмилалии Наврӯз дар пойтахти мамлакат якчанд чорабинӣ, аз ҷумла Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», маросими истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз аз баландтарин мавзеи шаҳри Душанбе, барномаи театришуда бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ», Фестивали «Таомҳои миллӣ», Фестивали «Бозиҳои варзишии наврӯзӣ», барномаҳои фарҳангӣ дар ноҳияҳои пойтахт бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, Фестивали дӯстии ҷавонони пойтахт таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ», намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, Мусобиқаи гӯштини миллии «Гӯштингирӣ» баргузор карда мешаванд.
«Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз — 2026» дастраси ширкатҳои сайёҳӣ гардонида шуда, бастаҳои сайёҳӣ таҳия ва ба фурӯш бароварда мешаванд.
Ҳамчунин дар асоси тақвим аз ҷониби масъулон видеороликҳои тарғиботӣ оид ба баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ бо сифати баланд дар «Google Диск» нигоҳдорӣ карда шудаанд, ки хоҳишмандон метавонанд онҳоро тавассути QR-рамз боргирӣ намоянд.
Тақвим бо мақсади рушду тавсеаи соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ ва дар ин замина ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат, бахусус шаҳри Душанбе таҳия ва тасдиқ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар қаламрави Тоҷикистон, бахусус пойтахти он – шаҳри Душанбе бо иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иди байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд ва бошукуҳ таҷлил мегардад. Дар доираи он чорабиниҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ, илмию амалӣ ва оммавию варзишӣ бо шаҳомати хосса баргузор мегарданд. Ин ҳама иқтидори фарҳангии пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо бо шаҳрҳои бузурги олам ҳамоҳанг намудааст.
Мавриди ёдоварӣ аст, ки «Ҷадвали тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз» дар шаҳри Душанбе маротибаи аввал соли 2025 бо қарори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ ва дастраси ширкатҳои сайёҳӣ гардонида шуда, бастаҳои сайёҳӣ таҳия ва ба фурӯш бароварда шуданд.
АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе/Dushanbe-travel








МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






