БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
ДУШАНБЕ, 20.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз ҷашни бузурги миллии мо – тоҷикон ва оғози соли нави аҷдодӣ аст, ки ба ифтихори фарорасии он табиат ва тамоми мавҷудоти олам эҳё мешаванд. Наврӯз на танҳо ҷашни бостонӣ, балки шиносномаи фарҳангии миллати тоҷик ва яке аз муҳимтарин омилҳои ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон мебошад. Дар арафаи фарорасии баҳор ин ҷашни аҷдодӣ бо рангу бӯи хосса, суннатҳои қадимӣ ва барномаҳои пуршукуҳ мамлакатро ба майдони бузурги фарҳангӣ табдил медиҳад.
Имрӯз Наврӯз ҳамчун бренди миллии сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ мегардад. Зеро маҳз расму ойинҳои инсонпарваронаи Наврӯз ва дигар ҷашнҳои ориёӣ, аз ҷумла Сада, Тиргон ва Меҳргон, ки дар мамлакати мо аз баракати соҳибистиқлолӣ эҳё гардидаанд, омили пойдориву мондагории арзишҳои миллию фарҳангӣ ва илмию адабии мардуми ориёитабор дар саҳифаҳои таърих мебошанд.
Наврӯз таърихи беш аз 6000-сола дошта, ҳамчун мероси ғайримоддии фарҳангии башарият аз ҷониби ЮНЕСКО эътироф шудааст. Ҳамчунин бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз қабул гардидааст.
Барои Тоҷикистон Наврӯз танҳо оғози сол нест, балки рамзи эҳё, поксозӣ, ваҳдат ва дӯстист. Ин арзишҳо барои ҳар меҳмони хориҷӣ ҷолиб мебошанд.
Дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашн шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ороиши миллӣ, намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ зинат меёбанд. Маркази асосии таҷлили ин ҷашн — шаҳри Душанбе мебошад, ки дар он барномаҳои бошукуҳ дар майдону боғҳои фарҳангию фароғатӣ баргузор мегарданд.
Дар ин рӯзҳо сайёҳону меҳмонон имкон доранд шоҳиди мусобиқаҳои миллии варзишӣ, аз ҷумла гӯштини миллӣ ва бузкашӣ гарданд, дар фестивалҳо ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ иштирок намоянд, таомҳои миллии халқи тоҷикро бичашанд, бо либосҳои чакану атлас аксҳои хотиравӣ гиранд ва дар барномаҳои консертӣ ва рақсу сурудҳои суннатӣ иштирок намоянд.
Бояд гуфт, ки Наврӯз Тоҷикистонро ҳамчун давлати дорои тамаддуни қадим, фарҳанги ғанӣ ва меҳмоннавоз муаррифӣ мекунад. Меҳмонону сайёҳони хориҷӣ на танҳо ҷашнро мебинанд, балки фазои дӯстӣ ва самимиятро эҳсос менамоянд.
Ин ҷашн ба платформаи байналмилалӣ табдил ёфтааст, ки дар он фестивалҳои байналмилалӣ, форумҳои сайёҳӣ ва намоишгоҳҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд.
Дар шароити рақобати афзояндаи бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ҳар давлат кӯшиш мекунад, ки маҳсулоти хоси миллӣ ва фарқкунандаи худро пешниҳод намояд. Тибқи ҳадафҳои «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташаккули маҳсулоти рақобатпазир, мавсимӣ ва дорои арзиши баланди фарҳангӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Дар ин замина Наврӯз метавонад ҳамчун маҳсулоти мукаммали сайёҳӣ ва бренди миллӣ мавқеи устувор касб намояд. Ҷашнҳои қадимии миллӣ – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон солҳои охир ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ муаррифӣ мешаванд.
Ҳамасола бо иқдоми Кумитаи рушди сайёҳӣ якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад. Мақсади он муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳоне мебошад, ки дар арафаи иди Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд.
Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ фестивалу ҷашнҳо, иду анъанаҳо ва намоишу озмунҳо, бахусус Наврӯзи байналмилалӣ тавассути маводи тарғиботию ташвиқотӣ ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба таври васеъ тарғибу ташвиқ карда шуда, таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин чорабиниҳо ҷалб карда мешавад.
Бояд гуфт, ки яке аз ҳадафҳои «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таъмини рушди устувори соҳаи сайёҳии мамлакат ба ҳисоб меравад. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф ташаккул ва муаррифии бренди миллии мавзеъҳои сайёҳӣ -маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию реакреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
Наврӯз ҳамчун омили таҳкими ҳувияти миллӣ, бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди мардум ва дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудани он ба боло бурдани имиҷи мамлакат ҳамчун давлати дорои тамаддуни бойи қадимӣ ва захираҳои бузурги сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Абдукарим ҚУРБОНЗОД,
мутахассиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба ҷашни Меҳргон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
Покистон тасмим гирифтааст, ки ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ густариш диҳад
«Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» қабул гардид
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Бадахшон ба яке аз маконҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва табобатӣ табдил ёфтааст
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд






