Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд

Февраль 19, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар Саммити ҷаҳонӣ оид ба зеҳни сунъӣ — «India AI Impact Summit 2026», ки 16 феврал дар Ҳиндустон оғоз шуда, то 20 феврал идома меёбад, иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Саммити «India AI Impact Summit 2026»  таҳти раёсати Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди, Президенти Фаронса Эммануэл Макрон, Президенти Бразилия ва дигар намояндагони расмӣ баргузор гардида истодааст.

Дар ин саммит намояндагони беш аз 100 кишвари ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ ва ширкатҳои пешрафтаи  технологии ҷаҳон ҷамъ омадаанд. Дар  саммит  Шералӣ Кабирро Ашвини Вайшнау, вазири роҳи оҳан, электроника, технологияҳои иттилоотӣ, иттилоот ва пахши Ҳиндустон истиқбол карда, сатҳи баланди иштироки Тоҷикистонро дар муҳокимаҳо оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии зеҳни сунъӣ таъкид намуд. Ҳайати Тоҷикистон афзалияти миллиро дар соҳаи саноат ва татбиқи саноатии зеҳни сунъӣ муаррифӣ намуд.

Саммит ба татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ барои навсозии равандҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани самаранокии корхонаҳои саноатӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва эҷоди соҳаҳои нави

технологияҳои пешрафта равона гардидааст. Дар ҷаласаҳои умумӣ ва мавзуӣ лоиҳаҳо дар соҳаҳои низомҳои истеҳсоли интеллектуалӣ, автоматикунонии саноатӣ, идоракунии инфрасохтори рақамӣ ва омода намудани мутахассисон барои саноати оянда баррасӣ шуданд.

Дар доираи саммит Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон  бо намояндагони мақомоти давлатии Ҳиндустон, созмонҳои байналмилалӣ ва роҳбарони ширкатҳои пешбари соҳаи зеҳни сунъии саноатӣ якчанд вохӯрии дуҷониба баргузор кард. Дар онҳо дурнамои лоиҳаҳои муштарак, сармоягузорӣ ва татбиқи роҳҳои ҳалли инноватсионӣ дар саноати Тоҷикистон баррасӣ карда шуданд.

Шералӣ Кабир инчунин бо директори генералии «OpenAI» Сем Алтман мулоқот намуд, ки зимни он имконоти истифодаи роҳҳои ҳалли OpenAI барои табдили рақамии саноати Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки озмоишӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 19, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад