АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар миллат танҳо мафҳуми сиёсӣ набуда, падидаест, ки ҳифз ва таҳкими он низоми мукаммали амниятиро тақозо менамояд. Дар ин замина Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи сохтори давлатдорӣ ва кафили ҳифзи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва манфиатҳои миллӣ нақши меҳварӣ доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини истиқлолият ба ташаккули низоми мудофиавӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, Артиши миллиро ҳамчун ниҳоди муҳими давлатӣ таъсис ва такмил бахшид. Таҷлили ҳамасолаи 23 феврал ҳамчун Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо арҷгузорӣ ба хизмату ҷонфидоии афсарону сарбозон, балки таҷассумгари масъулияти умумимиллӣ дар самти таҳкими амният ва суботи давлат мебошад. Зеро дар шароити муосир, ки бо таҳдидҳои гуногуни геополитикӣ ва равандҳои печидаи ҷаҳонӣ тавсиф меёбад, мавҷудияти артиши касбӣ ва омодабош омили муҳими пойдории давлатдории миллӣ ба шумор меравад.
— Имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини амният, сулҳу субот, ҳифзи якпорчагии сарзамини аҷдодӣ чун рукнҳои асосии сиёсати давлатӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Миллати тоҷик дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ маҳз бо шарофати амнияти давлатӣ ва таъмини сулҳу субот ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар баробари дигар аркони давлатӣ аз ҷумлаи он сохторҳое мебошанд, ки дар самти ҳифзи оромӣ, сулҳу субот, ягонагии ҷумҳурӣ, марзу бум, тартиботи дохилӣ ва дигар масъалаҳои муҳими давлатдорӣ нақши калидӣ дорад. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ барои ташкили фаъолияти самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан Вазорати мудофиа ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки қувваҳои мусаллаҳи мамлакатро муттаҳид менамоянд, тадбирҳои ҳуқуқӣ ва таҳияи стратегияи ягонаи таъмини сулҳу субот ва амнияти миллиро ба роҳ монда, шароити мусоид барои таъмини ин стратегия муҳайё гардид.
Боиси ифтихор аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба анъанаҳои касбии ифодагари сифатҳои баланди ватандӯстию хештаншиносӣ ва савганди ҳарбии худ содиқ монда, аз рӯзи аввал, яъне баробари ташкилшавӣ дар чунин марҳила ва давраи мураккаби сарнавиштсоз, ки ба пояҳои истиқлоли давлатӣ ва якпорчагии Ватан хатарҳои зиёд таҳдид мекарданд, бетараф намонданд.
Афсарони содиқ ба Ватану миллат барои ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятию сиёсии мамлакат ва ҳимояи сохти конститутсионӣ ҷасорату мардонагӣ нишон доданд.
Таҳлили вазъи сиёсии солҳои 90-уми Тоҷикистон нишон дод, ки яке аз омилҳои асосии авҷи моҷарои сиёсӣ, яъне ҷанги таҳмилӣ дар набудани қувваҳои мусаллаҳи муташаккил ифода меёфт. Баробари барҳам хӯрдани низоми шуравӣ ва ба истиқлол расидани ҷумҳурӣ ҳукуматро зарур буд, ки барои таъмини амният ва сулҳу субот, ҳамчунин ҳифзи истиқлол Артиши миллӣ ташкил кунад.
Сарчашмаҳо нишон медиҳанд, ки дар муқоиса бо дигар давлатҳои пасошуравӣ Тоҷикистон аз Артиши Шуравӣ тақрибан чизе мерос нагирифтааст. Бо сабаби буҳрони сиёсии мақомоти давлатӣ то аввали соли 1993 ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муяссар нагардид. Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ ва ташкили Ҳукумати нав бо ташаббуси Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ гузошта шуд. Ҳамин тавр, 23 феврали соли 1993 дар давраи хеле ҳассоси таърихӣ барои оромию осудагии давлат Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуданд.
Бояд гуфт, ки дар марҳилаҳои таърихии инкишоф Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат зина ба зина комилтар гардида, иқтидори муҳофизатиаш барои ҳифзи манфиатҳои давлату миллат боз ҳам афзуд. Шоистаи таъкид аст, ки дар ташкили Артиши миллӣ саҳми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Бо ташаббуси Пешвои миллат дар давраи хеле ҳассоси таърихӣ артиши пароканда ва номукаммал дар муддати кӯтоҳ ба қувваи бузург табдил ёфт.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сипари боэътимоди давлат маҳсуб шуда, сафи онро аксаран ҷавонон ташкил медиҳанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ чунин иброз намуданд: «Ҷавонони мо дар рушди ҳама соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ саҳми арзишманд гузошта, нақши онҳо аз иштирок дар бунёди иншооти азими мамлакат то хизмати содиқона дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, суботу оромии мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон арзандаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар яки мо мебошад».
Имрӯз мо – қишри зиёии ҷомеаро зарур аст, ки ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ тарбия намуда, дар баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии онҳо саҳми муносиб гузорем.
Маҳз иродаи боматонат ва қавии насли ояндасози ҷумҳурӣ омили дар дарозои таърих боқӣ мондани давлату миллати тоҷик шуда метавонад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ имрӯз боиси ифтихори насли ҷавон буда, бори дигар аз нақши барҷастаи ин қишри муҳими ҷомеа дар ҳифзи манофеи миллӣ ва якпорчагии Ватан хабар медиҳад.
Ҳамасола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат садҳо ҷавонон аз навоҳии мухталиф даъват гардида, дар қисмҳои ҳарбии манотиқи гуногуни давлат рисолати мардонагии худро дар назди Ватан-Модар иҷро менамоянд. Дар давраи хизмати ҳарбӣ ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, мардонагиву шуҷоат, қавииродагию адолатгустарӣ тарбия намуда, ба ҳифзу нигаҳдошти амнияти давлатӣ равона менамоянд. Дар воқеъ, авзои ҷуғрофию сиёсии минтақа имрӯз тақозо менамояд, то аскароне, ки сарҳади давлатиро ҳифз мекунанд, бояд зираку ҳушёр ва бомасъулияту қавиирода бошанд, зеро онҳо амнияти тамоми мамлакат ва шаҳрвандони онро ҳимоя менамоянд. Оромии ҷумҳурӣ, пешрафти ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум, пеш аз ҳама, аз таъмини амният дар сарҳади давлатӣ вобастагии зиёд дорад.
Тақвияти иқтидори мудофиавии давлат танҳо ба мавҷудияти неруҳои ҳарбӣ маҳдуд намешавад, балки ба сатҳи омодагии касбӣ, маънавию равонӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ вобаста мебошад. Аз ин ҷиҳат, такмили низоми омодасозии кадрҳои ҳарбӣ, беҳтар намудани шароити хизмат, фароҳам овардани имконияти замонавии таълимӣ ва техникӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад. Сол ба сол заминаҳои моддиву техникӣ мустаҳкам гардида, барои баланд бардоштани малакаи касбӣ ва тарбияи хизматчиён дар руҳияи садоқат ба Ватан тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.
Дар ин замина таваҷҷуҳи роҳбарияти олии давлат ба масъалаҳои таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ дар амалияи идоракунии давлатӣ ба таври возеҳ эҳсос мегардад. Боздидҳои мунтазами корӣ аз қисмҳои ҳарбӣ, шиносоӣ бо шароити хизмат ва суҳбат бо афсарону сарбозон далели равшани он аст, ки рушди Артиши миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб мешавад. Ин раванд на танҳо ба беҳтар гардидани шароити иҷтимоию маишии хизматчиёни ҳарбӣ мусоидат мекунад, балки руҳияи масъулиятшиносӣ ва ҳисси ифтихори миллиро дар байни онҳо тақвият мебахшад.
Ҳамин таваҷҷуҳи пайваста ва ғамхории роҳбарияти давлат замина фароҳам меорад, ки Қувваҳои Мусаллаҳ ба ниҳоди касбӣ, муназзам ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир табдил ёфта, вазифаи муқаддаси худ — ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзии ҷумҳуриро бо масъулияти баланд иҷро намоянд.
Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,
президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик
АКС: АМИТ «Ховар»








Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
Дар Тоҷикистон 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бошукуҳ таҷлил мегардад
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ СИЁСӢ. Андешаҳо оид ба робитаи мутақобил ва омилҳои таъсиргузори он
Барои дарёфти «Ҷоми Вазири мудофиа» мусобиқаи тирпаронӣ баргузор шуд
Вазорати мудофиаи Тоҷикистон: «Ҳангоми таҳияи маводи таблиғотии низомӣ бо истифода аз «зеҳни сунъӣ» риояи оиннома ҳатмӣ аст»
Сабабҳои асосии рух додани садамаҳои нақлиётӣ кадомҳоянд? Ва ё чаро то ҳол ин вазъ нигаронкунанда боқӣ мемонад?
АЗ АРЗИШҲОИ ТАМАДДУН ТО СУННАТҲОИ БАШАРДӮСТОНА. Назаре ба масъалаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад






