Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 13.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нозирони мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти 13 шаҳру ноҳияи минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба машғулияти такмили ихтисос дар мавзуи «Сиёсати давлатӣ оид ба уҳдадории ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаро гирифта шудаанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, барномаи таълимии машғулият бо назардошти талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи муосири идоракунии давлатӣ таҳия гардида, масъалаҳои муҳими марбут ба сиёсати давлатӣ оид ба уҳдадории ҳарбӣ, тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ, асосҳои ҳуқуқии хизмати ҳарбӣ, нақши мақомоти давлатӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт ва тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавононро фаро мегирад.
Ҳадафи асосии машғулият тақвияти дониши назариявӣ ва амалӣ, такмили малакаҳои касбӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии хизматчиёни давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба уҳдадории ҳарбӣ мебошад. Дар ҷараёни омӯзиш иштирокдорон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, таҷрибаи пешқадами идоракунии давлатӣ ва усулҳои муосири ташкили кор дар самти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ шинос гардида, донишу малакаашонро такмил медиҳанд.
Инчунин баргузории машғулияти назариявӣ ва амалӣ, мубоҳисаҳо, таҳлили ҳолатҳои мушаххас ва мубодилаи таҷрибаи касбӣ байни иштирокчиён пешбинӣ шудааст, ки ба баланд гардидани сатҳи дониш ва тавсеаи ҷаҳонбинии касбии хизматчиёни давлатӣ мусоидат менамояд.
Машғулияти такмили ихтисос то 14 март идома меёбад.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд






