Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд

Март 13, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 13.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 март дар доираи иҷлосияи 69-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор дар шаҳри Вена вохӯрии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад ва иҷрокунандаи вазифаи Директори иҷроияи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ҷон Брандолино баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.

Зафар Самад оид ба дастовардҳои ҷумҳурӣ ва корҳои анҷомдодаи мақомоти ваколатдори Тоҷикистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ маълумот дода, барои дастгириҳои Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ изҳори сипос намуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷониба ва якчанд масъалаи мубрам табодули афкор намуданд.

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 13, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид