Барои ҷалби ҷавонону наврасон ба илмҳои дақиқ тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 16.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои хонандагон ва омӯзгорон ҳамоиши омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хабар доданд.
Ҳамоиш бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (2020-2040) ва ҷалби ҷавонону наврасон ба илмҳои дақиқ баргузор шуд. Дар ҷараёни суҳбат иброз гардид, ки тавсеаи тафаккури техникии насли наврас, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги техникӣ, шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ, шиносоии бештари хонандагон бо кашфиёти илмҳои муосир, ташаккули тафаккури мантиқии хонандагон, бедор намудани шавқу завқи онҳо дар ҳалли масъалаҳои мураккаби фаннӣ, баёни озодонаи фикр, азхуд намудани технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, истифодаи комёбиҳои соҳаҳои гуногуни илму техникаи муосир, дарёфти хонандагони болаёқат, ки ба омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ шавқу завқ доранд, ташвиқ ва тарғиби хонандагон дар самти созандагию эҷодкорӣ аз муҳимтарин масъалаҳое ба шумор мераванд, ки бояд дар мадди назари омӯзгорони фанҳои дақиқ қарор дошта бошан. То бо иҷрои ин ҳадаф хонандагон тавонанд бо истифода аз технологияи муосир сатҳи илму дониш ва ҷаҳонбиниашонро такмил диҳанд.
Ҳамоиш дар ҳамкорӣ бо Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе ташкил ва гузаронида шуд. Дар раванди чорабинӣ ба иштирокчиён таҷҳизоти озмоишӣ нишон дода шуда, аз ҷониби мутахассисони соҳа ҳамчунин дар мавзуъҳои радиатсия ва ҳимоя аз онҳо маърузаҳои интерактивӣ пешниҳод карда шуданд.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон









Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






