«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
ДУШАНБЕ, 26.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам!» Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ, ки ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаю ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Фестивали мазкур аз 20 то 25 феврали соли 2026 бо ба инобати чорабиниҳои варзишӣ, илмию назариявӣ, конфронсу мизҳои мудаввари фарҳангиву фароғатӣ, иқдомҳо, боздиди ҷавонони синни даъватӣ аз қисмҳои ҳарбӣ, мулоқоту вохуриҳо бо сарбозону афсарон доир гардида, дар онҳо беш аз 13 ҳазору 500 нафар наврасону ҷавонон, сарбозону афсарон ва варзишгарон фаро гирифта шуданд. Баргузории фестивал дар замири онҳо ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, тақвияти дӯстии байниҳамдигарӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солимро ҷой намуда, дар онҳо нақши хотирмон гузошт.
Ҳамзамон дар доираи Фестивал мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои варзиши шоҳмот, варзиши сабук, гуштингирӣ, футбол, волейбол ва озмуни гӯлчини сурудҳои ватандустонаи “Суруди сарбоз” байни афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Душанбе доир гардида дар маросими ҷамъбастии Фестивал ғолибон муайян гардида бо медал, диплому ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки соли равон аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, 33 сол сипарӣ гардид.
АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе










Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ — фароғатии «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад






