«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид

Февраль 26, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 26.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам!» Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ, ки ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, ҷамъбаст гардида, ғолибон бо туҳфаю ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Фестивали мазкур аз 20 то 25 феврали соли 2026 бо ба инобати чорабиниҳои варзишӣ, илмию назариявӣ, конфронсу мизҳои мудаввари фарҳангиву фароғатӣ, иқдомҳо, боздиди ҷавонони синни даъватӣ аз қисмҳои ҳарбӣ, мулоқоту вохуриҳо бо сарбозону афсарон доир гардида, дар онҳо беш аз 13 ҳазору 500 нафар наврасону ҷавонон, сарбозону афсарон ва варзишгарон фаро гирифта шуданд. Баргузории фестивал дар замири онҳо ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, тақвияти дӯстии байниҳамдигарӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солимро ҷой намуда, дар онҳо нақши хотирмон гузошт.

Ҳамзамон дар доираи Фестивал мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои варзиши шоҳмот, варзиши сабук, гуштингирӣ, футбол, волейбол ва озмуни гӯлчини  сурудҳои ватандустонаи “Суруди сарбоз” байни афсарону сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Душанбе доир гардида дар маросими ҷамъбастии Фестивал ғолибон муайян гардида бо медал, диплому ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Ёдовар мешавем, ки соли равон аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, 33 сол сипарӣ гардид.

АКС: шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Февраль 26, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд