Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
ТУРСУНЗОДА, 27.02.2026 /АМИТ«Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба ҳунару маҳорати занони тоҷик озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ«Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Дар озмун занони деҳаҳои ҷамоат фаъолона иштирок намуда, маҳорати худро дар омода намудани таомҳои миллӣ, ороиши дастархон ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузоштанд. Ҳар иштирокчӣ бо эҷодкорӣ ва завқи баланд кӯшиш намуд, ки ба аъзои ҳакамон беҳтарин маҳсули дастранҷашро нишон диҳад.
Зимни натиҷагирии озмун мақоми аввалро кадбону аз деҳаи Қаратоғ Истадой Муҳаммадиева, ҷойи дуюмро Муҳаббат Меликова аз деҳаи Аҳорун ва мақоми сеюмро Парвина Сироҷиддинзода аз деҳаи Батош соҳиб гардиданд.
Мақсади асосии баргузории чунин озмунҳо аз баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ ва тақвияти мақоми зан дар ҷомеа иборат мебошад.
Дар анҷоми озмун ба фаъолон ва ғолибон Сипоснома, Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






