Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд

Февраль 27, 2026 08:27

ТУРСУНЗОДА, 27.02.2026 /АМИТ«Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода бо мақсади эҳёи анъанаҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба ҳунару маҳорати занони тоҷик  озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ«Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  иттилоъ доданд.

Дар озмун занони деҳаҳои ҷамоат фаъолона иштирок намуда, маҳорати худро дар омода намудани таомҳои миллӣ, ороиши дастархон ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузоштанд. Ҳар иштирокчӣ бо эҷодкорӣ ва завқи баланд кӯшиш намуд, ки ба аъзои ҳакамон беҳтарин маҳсули дастранҷашро  нишон диҳад.

Зимни натиҷагирии озмун мақоми аввалро кадбону аз деҳаи Қаратоғ Истадой Муҳаммадиева,  ҷойи дуюмро  Муҳаббат Меликова аз деҳаи Аҳорун ва  мақоми сеюмро  Парвина Сироҷиддинзода аз деҳаи Батош  соҳиб гардиданд.

Мақсади асосии баргузории  чунин озмунҳо аз баланд бардоштани фарҳанги хонаводагӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ ва тақвияти мақоми зан дар ҷомеа иборат мебошад.

Дар анҷоми озмун ба фаъолон ва ғолибон Сипоснома, Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Февраль 27, 2026 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд