Дар Анқара масъалаи баргузории чорабиниҳои фарҳангию илмӣ барои соли 2026 дар Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Анқара мулоқоти мушовири фиристодаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Парвиз Содиқӣ бо раиси Комиссияи миллии Туркия оид ба корҳои ЮНЕСКО профессор Ӯҷал Оуз баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар доданд, зимни суҳбат ҷонибҳо доираи васеи ҳамкории дуҷонибаро дар чаҳорчӯби ЮНЕСКО мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъалаҳои ҳифзи мероси фарҳангӣ, аз ҷумла мубодилаи таҷриба дар самти бақайдгирии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар феҳристи ЮНЕСКО ва тавсеаи ҳамкорӣ дар тарғиби анъанаҳои муштараки фарҳангии ду давлат ҳамчун мероси ғайримоддӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Дар ин замина ҷонибҳо дурнамои рушди муносибатҳо ва таҳияи нақшаҳои муштаракро барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва илмӣ дар соли 2026 муҳокима карданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия








Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид






