Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба тиҷорати байналмилалӣ ҳамоиши омӯзишӣ гузаронида шуд

Февраль 4, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 04.02.2026 /АМИТ  «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бо ҷалби коршиносони ширкати байналмилалии «ARGOS» дар мавзуи «Баланд бардоштани савияи дониши кормандони комплаенс дар самти тиҷорати байналмилалӣ» ҳамоиш  баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин бонк.

Ҳамоиш  бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ ва ташкилоти суғуртавӣ, бахусус кормандони бахши комплаенс дар самти риояи талаботи байналмилалӣ ва идоракунии хавфҳо дар фаъолияти тиҷорати байналмилалӣ гузаронида шуд.

Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ  иброз намуд, ки сарфи назар аз гузаронидани ислоҳоти гуногун дар низоми бонкии мамлакат бо назардошти пешгӯинашаванда будани вазъи геосиёсӣ ва иқтисодии минтақа ва ҷаҳон хавфу хатарҳои гуногун ҳамоно боқӣ мемонанд. Дар чунин шароит риояи қатъии талаботи байналмилалӣ аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявию ташкилоти суғуртавӣ ва дар ин замина омӯзиши пайвастаи кормандон, бахусус кормандони бахши комплаенс, ки масъулияти риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, пешгирӣ ва назорати амалиёти ғайриқонунӣ ва шубҳанокро бар дӯш доранд, аҳаммияти муҳим дорад.

Таъкид шуд, ки мубодилаи таҷриба ва иттилоот байни коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони ташкилоти қарзии молиявӣ ва ташкилоти суғуртавӣ дар ҷараёни ҳамоиш  ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии иштирокчиён мусоидат мекунад.

Дар доираи ҳамоиш коршиносони ширкати байналмилалии «ARGOS» барои намояндагони ташкилоти қарзии молиявӣ ва ташкилоти суғуртавӣ ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ дар мавзуъҳои марбут ба тиҷорати байналмилалӣ, идоракунии хавфҳо ва риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ машғулияти омӯзишӣ баргузор намуданд.

Ин чорабинӣ ҳамчун майдони мубодилаи афкор истифода шуда, иштирокдорон имкон пайдо мекунанд, ки донишу таҷриба ва малакаҳои амалии заруриро дар самти тиҷорати байналмилалӣ такмил дода, сатҳи омодагии касбияшонро дар ин бахш тақвият бахшанд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

 

————————————-

             *Комплаенс –(калимаи англисии  «compliance»- мутобиқат)  низоми чораҳо, тартиб ва назорат дар дохили ташкилот аст, ки риояи қонунҳо, қоидаҳои соҳавӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои дохилиро таъмин мекунад. Ҳадафи асосии он коҳиш додани хавфҳои марбут ба нуфуз, хавфҳои ҳуқуқӣ, ҷарима ва пешгирии фасод, шустушӯи пул ва низоъҳо барои манфиатҳо мебошад.

Февраль 4, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!