Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба риояи талаботи қонунҳои миллӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 16.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сиёсати давлатӣ дар самти танзими ҷашну маросим ва рушди фазои таҳаммулпазирӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии мамлакат мебошад. Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҳамоиш муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин» баррасӣ гардид. Дар ҳамоиш роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, намояндаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, кормандони дастгоҳи марказӣ ва аъзои комиссияҳои ҷамъиятии шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва Ғарм ба таври ҳузурӣ ва фосилавӣ иштирок намуданд.
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ иброз намуд, ки қабули қонунҳои миллӣ дар самти танзими ҷашну маросим ва дигар ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоиву иқтисодии аҳолӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими ваҳдати ҷомеа мусоидат менамояд. Таъкид шуд, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои танзими хароҷоти зиёдатии шаҳрвандон, беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ ва тақвияти фарҳанги масъулиятнок дар баргузории маъракаҳо замина фароҳам овардааст. Аз ин рӯ, иҷрои босамари муқаррароти қонуни мазкур ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон қарор дорад.
«Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин» бар пояи идеяҳои дунявӣ, озодии виҷдон, озодии пайравӣ ба дин, гуногунандешӣ, таҳаммулпазирӣ ва баробарии тамоми пайравони динҳо дар назди қонун амалӣ мегардад. Ҳадафи асосии консепсияи мазкур муайян намудани дурнамои дарозмуҳлат барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии инсон ва шаҳрванд, таҳкими пояҳои давлати дунявӣ, густариши фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва таъмини амнияту ризоият дар фазои динии мамлакат аст.
Иштирокдорони ҳамоиш муқаррароти асосии санадҳои гуфташударо шарҳ дода, ба саволҳои иштирокдорони ҷамъомад посухҳои мушаххас гардониданд. Гуфта шуд, ки риояи талаботи қонунҳои миллӣ ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин дар тамоми сохторҳо, аз ҷумла дар Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ тақвият ёфта, ба рушди устувори ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат менамояд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд






