Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд

Февраль 8, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 08.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳамоише, ки дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид, тавзеҳ дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Дар ҳамоиш нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, хусусан дар самти тақвияти волоияти қонун дар ҷомеа, пешгирии ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроти номатлуби экстремизм ва терроризм шарҳ дода шуданд.

Дар ҳамоиш муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии Бохтар Наргис Нурализода ва судяи Суди вилояти Хатлон дар мавзуи «Пешгирии ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ миёни ҷавонон ва ноболиғон» сухан гуфтанд. Таъкид гардид, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ ва итоат ба қонун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ маҳсуб мешавад.

Ба донишҷӯён оид ба оқибатҳои қонуншиканӣ ва роҳҳои пешгирии ҷинояткорӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Февраль 8, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд