Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврал дар шаҳри Душанбе оид ба пешгирии гузариши маводи нашъадор, психотропӣ ва сахттаъсири дар тиб истифодашаванда аз муомилоти қонунӣ ба муомилоти ғайриқонунӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласа вазъи нашъамандӣ, сохтори суиистеъмоли маводи нашъадор, психотропӣ ва сахттаъсир, омӯзиши санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар самти муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо, сахттаъсир ва заҳрнок, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахттаъсир, прекрусорҳо ва тартиби фурӯши онҳо аз муассисаҳои фарматсевтӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ се барномаи давлатӣ ва ду стратегия, аз ҷумла “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030” қабул ва амалӣ гардиданд.
Барои амалигардонии ин стратегия дар мамлакат чорабиниҳои саривақтӣ ба роҳ монда шуда, омилҳои таъсиррасон дар самти муомилоти қонунӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор муайян ва арзёбӣ гардиданд. Дар натиҷа сатҳи нашъамандӣ, инчунин оқибатҳои тиббию иҷтимоии он сол то сол дар мамлакат коҳиш меёбад.
Бо мақсади таъмини дастрасии маводи доруии нашъадор ва психотропӣ, инчунин пешгирии ҳолатҳои гузариши онҳо аз муомилоти қонунӣ ба ғайриқонунӣ, дар асоси қисми 5 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» фармоиши муштараки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Тартиби ҳисобу китоб, нигоҳдорӣ, тақсимот, додан ва фурӯши воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ» аз 2 феврали соли 2022, инчунин фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2022 «Дар бораи Тартиби истифода ва таъйин намудани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ бо мақсадҳои тиббӣ» таҳия гардида, бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди мувофиқа бо Агентии назорати маводи нашъаовар ба қайди давлатӣ гирифта шуданд.
Ҳамзамон дар самти назорати давлатии муомилоти қонунии доруҳои махсусназоратшаванда ва пешгирии гузариши онҳо ба муомилоти ғайриқонунӣ аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ чорабиниҳои саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд






