Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд

Февраль 21, 2026 08:40

ДУШАНБЕ, 21.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин коллеҷ.

Озмун 19 ва 20 феврал байни донишҷӯёни ихтисосҳои гуногуни муассиса гузаронида шуд.

Ба довталабони озмун саволҳо дар шакли хаттӣ ба тариқи тестӣ пешниҳод гардиданд. Довталабон тибқи шартҳои озмун донишу малака ва маҳораташонро бобати азхуд кардани фанни физика, математика, технология, география, биология ва химия ба ҳайати ҳакамон нишон доданд.

Дар фарҷом маҳорату истеъдоди довталабон аз тарафи ҳакамон муайян ва натиҷагирӣ карда шуд. Рӯйхати донишҷӯёни лаёқатманде, ки дар даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» аз рӯйи 7 номинатсия иштирок намуданд, ба раёсати таълим пешниҳод карда мешаванд.

Мақсади баргузории озмун рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои дақиқ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самт байни донишҷӯён мебошад.

АКС: Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар

Февраль 21, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад