Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ муҳокимаи парламентӣ оид ба рафти иҷрои «Нақшаи амали солҳои 2024-2026 Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2024 тасдиқ шудааст, баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва навсозии низоми он яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун яке аз омилҳои калидии баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, таъмини адолати иҷтимоӣ, суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Яке аз воситаҳои муҳимми дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа кӯмаки яқвақтаи иҷтимоӣ ба оилаҳои даромадашон паст мебошад. Ин навъи кумак ба оилаҳо дар ҳолати душвори зиндагӣ, аз ҷумла афзоиши нархҳо, бекорӣ ё ҳолатҳои фавқулода, дастгирии молиявии муваққатӣ фароҳам меорад.
Дар баробари ин, таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ талаб менамояд, ки механизмҳои дастгирӣ шаффоф, ҳадафманд ва самаранок бошанд. Рақамисозии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, такмили низоми бақайдгирии оилаҳои ниёзманд ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони соҳа, аз ҷумлаи тадбирҳое, мебошанд, ки метавонад эътимоди мардумро ба низоми ҳифзи иҷтимоӣ афзоиш диҳад.
Амалишавии ҳадафҳо ва вазифаҳое, ки дар назди низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Тоҷикистон дар маҷмуъ вогузор шудаанд, асосан тавассути таҳия ва амалисозии тадбирҳо ва барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва танзими муносибатҳои меҳнатӣ, расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, хизматрасониҳои гуногуни ҷанбаи иҷтимоидошта, таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ, татбиқи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа ва ғайраҳо иборат мебошад.
Дар фарҷом, мутобиқи банди 278 параграфи 3, боби 3 –и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳое, ки дар рафти муҳокимаи парламентӣ баён гардиданд, қарор ва тавсияҳои дахлдор қабул карда шуд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд






