Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 02.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 3 то 5 феврал дар мамлакат ҳавои тағйирёбанда шуда, 6 феврал бориши борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ин рӯзҳо бо сабаби бориши эҳтимолии барф ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои тармафарои шоҳроҳи нақлиётгарди Душанбе–Чанок (километрҳои 48–74), аз ҷумла минтақаҳои тармафарои Майхура, Зиддеҳи ноҳияи Варзоб, ҳамчунин дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ фаромадани тарма дар назар аст.
Дар вилояти Хатлон 4-5 ва 7 феврал ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, 6 феврал дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм ва 6 феврал ҳарорати ҳаво паст шуда, то 1+6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм ва 6 феврал ҳарорати ҳаво паст шуда, аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гармӣ дар назар аст.
4 ва 5 феврал дар вилояти Суғд ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, 6-7 феврал дар баъзе ноҳияҳо бориши борон ва барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, 6-7 феврал ҳарорати ҳаво паст шуда, аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, 6 феврал ҳарорати ҳаво паст шуда, то 0+5 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук, 5-6 феврал 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 2+7 дараҷа гарм, 6-7 феврал ҳарорати ҳаво паст шуда, аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, 6 феврал ва шабонаи 7 феврал бориши борон ва барф дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм, 5 феврал ҳарорати ҳаво баланд шуда, то 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 12+17 дараҷа гарм, 6 феврал ҳарорати ҳаво паст шуда, то 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар баъзе ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, 6 феврал бориши борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 20-25 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд






