ДАРАХТ БИНШОН! Дар Резервати биосферии «Ромит» беш аз 400 бех ниҳол шинонида шуд

Февраль 17, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» зимни маъракаи ниҳолшинонӣ  дар Резервати биосферии  «Ромит»  беш аз 400 ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ва ороишию мевадиҳанда шинонида шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳадафи асосии маърака тақвияти корҳои ободонӣ, беҳтарсозии вазъи экологӣ, ғанигардонии гуногуннавъии биологӣ ва баланд бардоштани фарҳанги муносибат бо табиат мебошад.

Иштирокдорони  маъракаи ниҳолшинонӣ   бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ниҳол шинонида, таъкид намуданд, ки ҳифзи муҳити зист ва афзун намудани майдони сабзазор вазифаи ҳар шаҳрванди мамлакат аст.

Маъракаи ниҳолшинонӣ қадами устувор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи табиат ва рушди устувори экологӣ арзёбӣ мегардад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 17, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад