Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
ДУШАНБЕ, 01.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳӣ амалиёти фаврӣ гузаронида шуд. Зимни баргузории он ҳолати решакан намудани гулҳои худрӯй, аз ҷумла сияҳгӯш ва омодасозии онҳо барои ба фурӯш баровардан ошкор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳадафи гузаронидани амалиёт ин таъмини иҷрои талаботи қонунгузории соҳавӣ дар самти ҳифзи олами наботот ва пешгирии муомилоти ғайриқонунии растаниҳои худрӯй мебошад.
Кормандони Раёсат бо шаҳрвандон оид ба талаботи қонунгузорӣ дар самти ҳифзи растаниҳои нодир, масъулияти ҳуқуқӣ барои ҷамъоварӣ ва фурӯши ғайриқонунии онҳо, инчунин аҳаммияти экологӣ ва зарурати ҳифзи гуногунии биологӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Бояд гуфт, ки ҳифзи захираҳои табиӣ, аз ҷумла растаниҳои худрӯй масъулияти муштараки ҷомеа мебошад. Пешгирии чунин ҳолатҳо ба нигоҳдории тавозуни экологӣ ва ҳифзи мероси табиии мамлкат мусоидат менамояд. Зеро решакан намудани растаниҳои худруй ба оҳиста-оҳиста онҳоро ба нобудшавӣ мерасонад.
Тавре дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот» омадааст, барқарор кардан ва нигоҳ доштани пуррагии навъҳои растаниҳои нодири таҳти хатари нестшавӣ қарордошта, инчунин намудҳои растаниҳои худрӯи эндемӣ (гурӯҳи набототи аз ҷиҳати паҳншавӣ маҳдуд), қадимӣ ва дигар растаниҳо ба муҳофизат эҳтиёҷ доранд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳрҳои Ваҳдат ва Роғун бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи Бохтар — Душанбе ниҳолҳои дарахтони сӯзанбарг, бодом ва писта шинонида шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар ноҳияи Ёвон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид
Дар вилояти Хатлон 270 ҳолати ғайриқонунӣ буридани дарахту буттаҳо ошкор гардид
Ба бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳро бештар намоем. Шарҳи коршинос
ДАРАХТ БИНШОН! Даҳаи охири моҳи ноябр маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз мегардад
Ҳикматулло Назиров: «Ниҳолшинонӣ бояд аз рӯи қоидаҳои боғдорӣ амалӣ гардад»
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар пойтахт боғи нави фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда мешавад
Ба дарахтони ҳамешасабзи шафати роҳи байналмилалии Бохтар, Хуросон ва Душанбе об доданд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Тоҷикистон дар 78 гектар плантатсияҳои павловния бунёд гардидаанд






