Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд

Март 2, 2026 09:00

ВАРЗОБ, 02.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»  дар деҳаи Дуобаи Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб ва Маркази таълимии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, воқеъ дар ин ноҳия   маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб  хабар медиҳад.

Дар ҳашари хуррамгардонӣ беш аз 700 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу сояафкан шинонида шуданд. Зимни иштирок дар маъракаи ниҳолшинонӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз дошт, ки нигоҳубин ва обёрии дурусти ниҳолҳои шинонида  таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифта, барои  таъмини нашъунамои босифати онҳо тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Дар робита ба эълони Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) дар ноҳияи Варзоб  ҳашарҳои васеи ниҳолшинонӣ ба роҳ монда шуда, дар оянда ин гӯшаи зебои Ватан боз ҳам сарсабзу хуррам мегардад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб

Март 2, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд