Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 24.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пеш аз оғози мавсими нави футбол Федератсияи футболи Тоҷикистон якҷоя бо Лигаи футболи мамлакат дар шаҳри Душанбе барои дастаҳои лигаҳои олӣ ва якум машғулияти махсус баргузор намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар ин ҷамъомади таълимӣ сармураббиён ва мураббиёни дастаҳои лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон, инчунин бозигарон ва масъулони бошгоҳҳо иштирок намуданд.
Машғулиятро дастурдиҳандаи Конфедератсияи футболи Осиё аз Узбекистон Владислав Сейтлин гузаронд.
Ҳадафи асосии ҷамъомад шарҳ додани тағйирот дар қарорҳои доварӣ ва шинос кардани иштирокчиёни чемпионати Тоҷикистон бо иловаҳое мебошад, ки аз мавсими 2026 эътибор пайдо мекунанд.
Дар ҷамъомад мавзуъҳои зерин муфассал шарҳ дода шуданд:
-меъёрҳои навшудаи қабули қарорҳои доварон;
-раванд ва тартиби истифодаи системаи VAR;
-тафсирҳои нави лаҳзаҳое, ки бозии дағалона, бозӣ бо даст ва офсайдро дар бар мегиранд;
-талабот барои рафтори шахсони расмии дастаҳо дар минтақаи техникӣ.
Владислав Сейтлин маърузае пешниҳод кард, ки дар он лаҳзаҳои бозӣ дар асоси наворҳои видеоӣ таҳлил шуда буданд. Мисолҳои мушаххас барои нишон додани вазъиятҳои эҳтимолии бозӣ ва шарҳ додани меъёрҳое, ки доварон дар мавсими нав истифода хоҳанд бурд, пешниҳод гардиданд.
Намояндагони бошгоҳҳои Тоҷикистон низ ба суолҳояшон посухи мушаххас гирифтанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






