Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад

Февраль 28, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 28.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мунтахаби футболи электронии Тоҷикистон  маротибаи аввал дар Мусобиқаи байналмилалии FIFAe Nations League, ки марҳилаи калидии интихобӣ ба қисми ниҳоии FIFAe World Cup-2026 ба ҳисоб меравад, иштирок хоҳад кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи иттилои ФИФА, 120 кишвар дар марҳилаи интихобии FIFAe -2026 иштирок  менамояд. Ин шумораи рекордӣ дар таърихи мусобиқаҳои FIFAe ва бузургтарин мавсими мусобиқаҳои варзиши электронӣ дар сатҳи дастаҳои миллӣ мебошад.

Дастаи футболи электронии Тоҷикистон дар ду намуди eFootball – eFootball™ Console ва eFootball™ Mobile баромад менамояд.

Иштирок дар ҳарду категория ба беҳтарин намояндагони футболи электронии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки маҳорати худро дар саҳнаи байналмилалӣ нишон диҳанд.

Марҳилаи интихобӣ як сол давом мекунад ва аз якчанд давра иборат аст:

▪ FIFAe Nations League – мусобиқаи асосӣ барои дастаҳои миллӣ.

▪ Мусобиқаҳои интихобии қитъавӣ.

▪ Қисми ниҳоии FIFAe 2026, ки дар он қавитарин дастаҳои ҷаҳон рақобат мекунанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 28, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд