Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 оид ба футбол гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар бозии ниҳоӣ дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ рақобат карданд. Тими «Барқчӣ» дар аввали вохӯрӣ бо ҳисоби 2:0 пешсаф буд, аммо бартариро натавонист то охир нигоҳ дорад. «Ҳулбук» фишорро ба дарвозаи рақибон афзоиш дода, тавонист натиҷаро мусовӣ кунад.
Пас аз анҷоми вақти асосӣ силсилаи пеналти таъйин шуд, ки дар он «Ҳулбук» бо ҳисоби 4:2 ғолиб гардид. Ҳамин тариқ, даста бори аввал дар таърихи худ ҷоизаи Ҷоми ФФТ-ро ба даст овард.
Дарвозабони «Ҳулбук» Иброҳим Исмоилов, ки яке аз зарбаҳои пеналтиро баргардонд, беҳтарин бозигари дидори ниҳоӣ номида шуд.
Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор дар Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 дар бозӣ барои ҷойи сеюм дастаи «Панҷшер»-ро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод






