Душанбе пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026 эълон гардид

Февраль 6, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 06.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳри Душанбе  «Пойтахти фарҳангии Осиё дар соли 2026» эълон гардид. Пойтахти фарҳангии Осиё эълон шудани шаҳри Душанбе аз ҷониби Шурои иҷроияи фарҳангии Осиё 28 ноябри соли 2025 тасдиқ гардид. Ин матлабро муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ 5 феврал зимни нишасти матбуотӣ баён намуд.

Иброз гардид, ки мақсади эълони ин сол аз ҷониби Шурои иҷроияи фарҳангии Осиё аз муаррифии фарҳангу тамаддун, имконияти сайёҳӣ, тавсеаи ҳамкории мутақобили судманд ва таҳкими ҳарчи бештари зарфияти фарҳангии давлатҳо ҳамчун майдони зеҳнию эҷодӣ ва идеяи фазои ягонагии фарҳангӣ иборат аст.

«Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҳоло бо 23 шаҳри қитъаҳои Осиё, Аврупо, Амрико ва Африқо муносибатҳои бародаршаҳрӣ дошта, бо 5 шаҳр, аз ҷумла Москва, Тошканд, Пекин, Чэнду ва Ханджоу дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ муносибатҳои ҳамкориро дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба роҳ мондааст», -афзуд Бахтиёр Шарифӣ.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 робитаҳои хориҷии шаҳри Душанбе тақвият ёфтанд. Корхонаву ташкилоти шаҳр бо зиёда аз 62 давлати хориҷӣ, аз ҷумла 52 кишвари хориҷи дур ва 10 кишвари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба роҳ монданд.

Бахтиёр Шарифӣ иброз намуд, ки фарҳанг чун самти муҳими иҷтимоӣ дар сиёсати шаҳрӣ мавқеи махсус дошта, масъулин барои ба таври шоиста баргузор намудани иду ҷашнҳо ва рушди соҳа чорабиниҳои мақсаднокро амалӣ намуданд.

Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки давоми солҳои 2017-2025 дар шаҳри Душанбе 76  боғу гулгашт бунёд ва навсозӣ гардид. Дар айни замон дар ҳудуди пойтахт 17 боғи фарҳангию фароғатӣ, 1 боғи ҳайвонот ва Муассисаи давлатии «Майдони истиқлол» фаъолият менамоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад