ФУТБОЛ. 5 феврал қуръакашии тақвими чемпионати Тоҷикистон-2026 баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 04.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал дар шаҳри Душанбе қуръакашии бозиҳои чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар чемпионати 35-уми Тоҷикистон дувоздаҳ бошгоҳ– «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), «Вахш» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Хуҷанд», «Эсхата» (ҳарду аз Хуҷанд), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ», «Сардор» (ҳарду аз Турсунзода), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Парвоз» (Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд) иштирок мекунанд.
Мавсими нав дар ду марҳила баргузор шуда, ҳар даста бо ҳар рақиб ҳам дар хона ва ҳам дар сафар бозӣ мекунад. Дар натиҷа ҳар бошгоҳ дар доираи чемпионат 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Дастае, ки дар Лигаи олии Тоҷикистон-2026 ҷойи охиринро мегирад, ба Лигаи якум мефарояд. Бошгоҳе, ки зинаи ёздаҳумро ишғол менамояд, бо дастаи дуюми Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ доир мекунад.
Оғози мавсими нави Лигаи олии Тоҷикистон 6 март ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






