Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

Февраль 6, 2026 07:00

ДУШАНБЕ, 06.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 феврал дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Роғун ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Вазорати корҳои хориҷӣ соати 10:00 доир мегардад.

Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор карда мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ соати 14:00 доир мегардад.

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ соати 09:00 ва дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун соати 10:00 баргузор мегарданд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

Февраль 6, 2026 07:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 феврал, ҷумъа, 58-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар Рашт оид ба таҳлили вазъ ва омилҳои таҳдиди коррупсия, экстремизм ва терроризм ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад