ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дастоварду норасоиҳои соҳаи дорусозӣ кадомҳоянд?

Февраль 3, 2026 08:40

ДУШАНБЕ, 03.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, солҳои охир талаботи сокинон ба дору афзоиш ёфтааст. Айни замон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ зиёда аз 3,5 ҳазор дорухона фаъолият дорад, ки нисбат ба соли пешин 157 адад зиёд мебошад. Сол то сол афзудани шумораи дорухонаҳо дар мамлакат аз як ҷиҳат нишонаи беҳтар гардидани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ арзёбӣ гардад, аз ҷониби дигар он мисоли барҷастаи вобастагии сокинон ба дору мебошад. Ин вобастагӣ чунон зиёд гаштааст, ки қариб дар назди ҳамаи марказҳои савдо ду –се ва аз он ҳам зиёд дорухонаҳо фаъолият дошта, баъзе одамон қариб ҳар рӯз дору истеъмол менамоянд. АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, соли 2025 ба маблағи 30 миллион сомонӣ аз ҷониби ширкатҳои фарматсевтӣ дору ва моддаҳои фаъоли биологӣ аз ҷумҳурӣ содирот гардид, ки нисбат ба соли 2024 5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли дору ва молҳои тиббӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда дар соли 2025 зиёда аз 106,5 миллион ададро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5 миллион адад зиёд мебошад.

Бо вуҷуди ин нишондодҳои тамоюл ба рушд дошта, саноати дорусозии мамлакат ҳанӯз қодир нест талаботи аҳолиро ба дору таъмин намояд. Танҳо соли 2025 ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 1 миллиард 152 миллион сомонӣ дору ва молҳои тиббӣ ворид карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 — 32,77 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 23 декабри соли 2022 дастуру супориш доданд, ки «бо мақсади рушди минбаъдаи саноати дорусозӣ корхонаҳои муосири истеҳсоли доруворӣ, коркарди васеи гиёҳҳои шифобахш ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ ва боз ҳам зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ ба роҳ монда шавад».

Бо мақсади иҷрои ин супориш аз ҷониби масъулин лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад. Ин иқдом ба рушди истеҳсоли доруворӣ, кам кардани вобастагӣ ба воридот, баланд бардоштани сифати маводи тиббӣ ва рушди босуръати соҳаи дорусозӣ равона шудааст.

Тавре коршиносон иброз медоранд, солҳои пеш мушкили дорусозони ватанӣ дар дастрасии ашёи хом, техникаи муосир ва воридоти таҷҳизоти корӣ буд. Баъди дастуру супоришҳои Сарвари давлат ба масъулин ҷиҳати бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани озмоишгоҳи ташхиси маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсоли дору ва рушди саноати дорусозӣ бо ҷалби сармояи мустақим ин мушкилӣ ҳалли худ­ро ёфт. Ҳоло чандин корхонаҳои дорусозӣ дар ҷумҳурӣ фаъолияти босамар дошта, маҳсулоташон бозоргир гаштааст. Ҳатто дар Ҷумҳурии Корея як зумра олимони тоҷик бо ихтирои доруҳои нав сазовори медалҳои тилло ва дигар ҷойҳои намоён гаштанд.

Айни замон 71 корхонаҳои ватанӣ ба истеҳсоли 634 намуди дору ва молҳои тиббӣ машғул мебошанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 — 4 корхона ва 36 намуд зиёд мебошад. Ба фаъолият шуруъ кардани корхонаҳои дорусозӣ аз нигоҳи иқтисодӣ ба манфиати аҳолӣ мебошад.

«Яке аз мушкилоти соҳаи дорусозӣ айни замон роҳ наёфтан ба бозори дохилӣ ва беэътимодии мардум ба дорувории истеҳсоли ватанӣ мебошад. Бо вуҷуди он, ки маҳсулоти хуб ба тарғибу ташвиқ ниёз надорад, аммо дар шароити имрӯз истифода аз он ба манфиати кор аст. Зеро вақте истеҳсолот ва воридоти маҳсулот зиёд мешаваду рақобат ба вуҷуд меояд, хоҳ-нохоҳ тарғибот ягона воситаи ба бозор роҳ ёфтан мегардад. Мутаассифона, барои истифода аз воситаҳои тарғибгари ватаниамон маблағҳои гарон зарур аст, ки на ҳар истеҳсолгар имконияти пардохти онро дорад», — андеша доранд онҳо.

Мутахассисони соҳа мушкилиҳои ба рушди саноати дорусозӣ монеашавандаро номбар карда, норасоии маблағи гардон, набудани мутахассисони баландихтисос — муҳандис-технологҳои истеҳсолоти фармасевтӣ, мутахассисони пуртаҷриба дар бобати дуруст шинондани гулу гиёҳҳо ва аз онҳо гирифтани шираи шифобахшро аз ҷумлаи ин камбудиҳо медонанд.

«Илова бар ин, масъалаи ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардондани раванди истеҳсоли доруворӣ ва молҳои тиббӣ ҳалли худро наёфтааст. Ҳанӯз ҳам дар истеҳсолот моҳияти ҷорӣ намудан ва риоя кардани талаботи стандартҳои байналмилалии сифат ва бехатарӣ дуруст дарк карда намешавад. Дар ҳоле ки стандартҳои миллӣ бояд бо стандартҳои байналмилалии (амалияи муносиби истеҳсолӣ – GMP ва амалияи муносиби клиникӣ – GCP ва амалияи муносиби озмоишӣ – GLP) мутобиқ бошанд», -таъкид намуданд коршиносони соҳа.

Тавре масъулини ширкати ҶДММ «Ясмина Мед» иброз доштанд, «ба роҳ мондани фаъолияти корхонаи дорусозӣ мушкилоти зиёд дорад. Бунёди корхонаи истеҳсолии фармасевтӣ маблағ ва вақти зиёдро барои анҷом додани корҳои илмию тадқиқотӣ, таҳияи технологияи истеҳсоли дору талаб менамояд. Корхонаи дорусозӣ баъди 4-5 соли дуруст ташкил намудани фаъолият ва дастгирии давлатӣ метавонад бо иқтидори пурраи истеҳсолӣ маҳсулот истеҳсол намояд».

«Дар айни замон ҳамаи мо — ширкатҳои дорусозии ватанӣ мисли тифлони навзод ҳастем, ки бояд дасти ҳам гирифта, дар якҷоягӣ барои табдил ёфтан ба ширкатҳои бузурги истеҳсолкунандаи маводи доруворӣ ва молҳои тиббии истеҳсоли ватанӣ талош варзем. Ширкатҳои дорусозӣ танҳо дар якҷоягӣ бо мақсади ҳимояи манфиати давлату миллат метавонанд бо ширкатҳои азими хориҷии воридкунандаи доруворӣ, ки мавҷудияти моро ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд, рақобатпазир бошанд. Мо хуб дарк мекунем, ки танҳо пас аз пурқувват гардидани ширкатҳои дорусозии ҷумҳурӣ рақобат варзидан байни онҳо ба манфиати кор аст»,-таъкид намуданд онҳо.

Умедворем, ки дар «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026 – 2030» тамоми самтҳои рушди соҳаи дорусозӣ зери назар гирифта мешавад. Инчунин барои бештар намудани корхонаҳои дорусозӣ бо ҷалби соҳибкоронӣ ватанӣ ва шарикони рушд барои тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол намудани дору таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 3, 2026 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст