Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
ДУШАНБЕ, 26.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол таълиму тарбия ва шуғли созандаи наврасону ҷавононро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст. Зеро таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бекорӣ, надоштани шуғли муайян ва оворагардӣ метавонанд заминаи гаравиш ба андешаҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои тундравро фароҳам оваранд.
Дар ин замина касбомӯзӣ ҳамчун воситаи муассири пешгирӣ ва безараргардонии омилҳои хатарзо аҳамияти калидӣ касб менамояд. Ифротгароӣ зуҳуроти иҷтимоиву сиёсӣ буда, бештар дар муҳити ноустувории иҷтимоӣ, камбуди маърифати ҳуқуқӣ ва паст будани сатҳи дарк зуҳур мекунад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гурӯҳҳои ифротӣ, пеш аз ҳама, ҷавонони бекасбу кор, камтаҷриба ва аз лиҳози иҷтимоӣ осебпазирро ҳадаф қарор медиҳанд.
Онҳо бо истифода аз таблиғоти равонӣ, воситаи муосири иттилоотӣ ва ваъдаҳои бардурӯғи иқтисодӣ кӯшиш менамоянд, ки ҷавононро ба доми худ кашанд. Аз ин рӯ, ҷалби наврасону ҷавонон ба касбомӯзӣ ва соҳибҳунар гардонидани онҳо метавонад сипари боэътимоди иҷтимоӣ бошад.
Касбомӯзӣ раванди омӯзиши ҳунару малака, низоми мукаммали тарбияи меҳнатӣ, масъулиятшиносӣ ва худшиносии иҷтимоист. Ҳангоми аз худ кардани касб наврас на танҳо малакаи амалӣ пайдо мекунад, балки арзишҳои меҳнат, риояву эҳтироми қонун ва масъулияти шаҳрвандиро дарк менамояд. Ин омилҳо ҷаҳонбинии солим ва устувори иҷтимоиро ташаккул медиҳанд.
Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи рушди таҳсилоти касбӣ мақоми махсус дорад. Бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҷорӣ намудани ихтисосҳои нави мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат ва тавсеаи ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ тадбирҳои муассир амалӣ гардонида мешаванд. Ин иқдом, пеш аз ҳама, ба таъмини шуғли устувори ҷавонон ва коҳиши омилҳои иҷтимоии хатарзо равона шудаанд.
Ҳамин тавр, касбомӯзӣ воситаи муҳими ҳамгироии ҷавонон ба ҷомеа мебошад. Ҷавоне, ки соҳиби касб аст, худро узви фаъоли ҷомеа эҳсос мекунад, дар раванди истеҳсолот саҳм мегузорад ва даромади мустақилона ба даст меорад. Ин ҳолат эҳтимоли ҷалб шудан ба ҳар гуна гурӯҳҳои ғайриқонунӣ ва ифротиро ба таври назаррас коҳиш медиҳад. Баръакс, бекорӣ ва эҳсоси бенавоӣ метавонанд ба ноумедӣ ва ҷустуҷӯи «роҳҳои осон»-и ҳалли мушкилот оварда расонанд.
Ҷанбаи муҳими дигари касбомӯзӣ ташаккули тафаккури созанда аст. Дар раванди омӯзиши касб наврас бо низоми муқаррароти техникӣ, қоидаҳои меҳнат ва меъёрҳои бехатарӣ шинос мегардад. Ӯ мебинад ва меомӯзад, ки ҳар амал натиҷаи муайян дорад ва барои ҳар қарор бояд масъулият бар дӯш гирад. Ин раванд дар зеҳни ӯ эҳсоси худназорат ва худидоракуниро тақвият медиҳад, ки барои муқовимат бо таблиғоти ифротӣ бисёр муҳим аст.
Дар баробари ин, бояд таъкид намуд, ки самаранокии касбомӯзӣ ба сифати барномаҳои таълимӣ ва мутобиқати онҳо ба талаботи бозори меҳнат вобаста мебошад. Имрӯзҳо мушоҳида мегардад, ки ихтисосҳои омӯхташаванда ҷавобгӯи эҳтиёҷоти воқеии иқтисоди миллӣ буда, хатмкунандагон бо мушкили шуғл рӯ ба рӯ нестанд. Ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоию миёнаи касбӣ бо корхонаҳо ва бахши хусусӣ ва дар ин замина ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар ин самт аҳамияти аввалиндараҷа доранд.
Омили дигаре, ки аҳамияти махсус дорад, тарбияи маънавӣ ва ватандӯстии ҷавонон дар баробари касбомӯзӣ мебошад. Касб бояд на танҳо манбаи даромад, балки василаи хизмат ба ҷомеа ва давлат арзёбӣ гардад. Вақте ҷавон дарк мекунад, ки меҳнати ӯ дар пешрафти мамлакат саҳм мегузорад, эҳсоси ифтихори миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар ӯ тақвият меёбад. Ин омил, дар навбати худ, заминаи идеологиро барои муқовимат бо ҳар гуна андешаҳои ифротӣ фароҳам месозад.
Хулоса, касбомӯзӣ ҳамчун амали иҷтимоиву иқтисодӣ ва тарбиявӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад. Бо фароҳам овардани имконияти воқеии омӯзиш ва шуғли устувор, баланд бардоштани сатҳи маърифати касбӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин таҳкими арзишҳои миллӣ ва шаҳрвандӣ метавон муҳити солим ва устувори иҷтимоиро таъмин намуд. Ҷомеае, ки наврасону ҷавононаш соҳиби касб, шуғли муносиб ва ҷаҳонбинии созанда мебошанд, аз ҳар гуна таҳдидҳои ифротгароӣ эмин хоҳад монд. Аз ин лиҳоз, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ на танҳо маркази омӯзиши касбу ҳунар мебошанд, балки маркази муҳими татбиқи сиёсати иҷтимоӣ ва таъмини амнияти миллӣ ба ҳисоб мераванд. Ин муассисаҳои таълимӣ бо омода намудани мутахассисони касбӣ, соҳибкасб намудани ҷавонон ва ташаккули ҷаҳонбинии меҳнатӣ дар пешгирии гаравиши наврасон ба гурӯҳҳои ифротгаро саҳми бевосита доранд.
Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ вазифадоранд, ки дар баробари омӯзиши малакаҳои амалӣ муҳити тарбиявии солим низ фароҳам оваранд. Дар чунин муҳит наврас аз таъсири омилҳои манфӣ дур монда, зери назорати омӯзгорони соҳибтаҷриба ва устоҳои таълими истеҳсолӣ қарор мегирад. Ин раванд омӯзиши касб, ташаккули интизоми меҳнатӣ, эҳтиром ба қонун, масъулиятшиносӣ ва худбаҳодиҳии дурустро дар онҳо таъмин менамояд.
Нақши ин муассисаҳои таълимӣ дар шароити кунунии Тоҷикистон махсусан муҳим аст, зеро қисми зиёди ҷавонон пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба бозори меҳнат ворид мешаванд. Агар барои онҳо ҳарчӣ бештар имконияти васеътари омӯхтани касб ва соҳибҳунар гардидан муҳайё бошад, эҳтимоли рӯ овардан ба гурӯҳҳои номатлуб пурра коҳиш меёбад.
Дар замони иқтисоди рақамӣ имрӯз таҳсилоти ибтидоии касбӣ унсурҳои технологияҳои муосирро фаро мегирад. Омӯзиши асосҳои барномасозӣ, кор бо дастгоҳҳои автоматикунонида, барномаҳои тарроҳӣ ва идоракунии рақамӣ ба ҷавонон имкон медиҳанд, ки дар бозори меҳнат рақобатпазир бошанд. Ҳамин тавр, касбомӯзӣ на танҳо воситаи таъмини шуғл, балки василаи мутобиқшавӣ ба иқтисоди муосир мегардад.
Яке аз самтҳои муҳими рушди таҳсилоти ибтидоии касбӣ ин ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва корхонаҳо мебошад. Он имкон медиҳад, ки хонандагон ҳанӯз дар раванди таҳсил бо муҳити воқеии меҳнат шинос шаванд ва пас аз хатм бо кори муайян таъмин гарданд. Ин раванд эҳсоси ноустуворӣ ва ноумедиро коҳиш дода, заминаи иҷтимоии устуворро фароҳам месозад.
Банд шудани наврасону ҷавонон бо касбу кори самарабахш на танҳо масъалаи иқтисодӣ, балки омили муҳими равонӣ низ мебошад. Ҷавоне, ки меҳнати ӯ қадр карда мешавад ва натиҷаи кори худро мебинад, эҳсоси арзишмандӣ ва эътимод ба ояндаро пайдо мекунад. Баръакс, шахси бекор ё дорои шуғли муваққатӣ бештар ба таъсири таблиғоти бардурӯғ ва ваъдаҳои фиребанда гирифтор мешавад. Гурӯҳҳои ифротӣ аксаран аз ҳамин ҳолати равонӣ истифода мебаранд. Аз ин рӯ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ имрӯз ба марказҳои рушди шахсият табдил ёфтаанд. Дар баробари омӯзиши касб онҳо барномаҳои тарбиявӣ, ҳамоишҳои маърифатӣ, вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва коршиносони иҷтимоиро баргузор менамоянд, зеро ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносии миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи раванди таълим мебошад.
Ҳамчунин ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ аҳамияти махсуси иҷтимоӣ дорад. Вақте ки духтарон соҳиби касб ва даромади мустақил мешаванд, онҳо низ дар ташаккули ҷомеаи устувор саҳм мегузоранд. Ин раванд ба таҳкими баробарии иҷтимоӣ ва пешгирии осебпазирии гендерӣ мусоидат мекунад.
Дар маҷмуъ, касбомӯзӣ на танҳо роҳи таъмини шуғл, балки механизми муассири таҳкими суботи иҷтимоӣ мебошад. Ҷомеае, ки ҷавононаш соҳиби ҳунар, шуғли устувор ва ҷаҳонбинии солим мебошанд, дорои пояҳои устувори амният ва рушди устувор хоҳад буд. Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ имрӯз ба сипари воқеии мубориза бо ифротгароӣ табдил ёфтаанд. Пас, бояд теъдоди бештари наврасону ҷавонон ба ин муассисаҳои таълимӣ ҷалб карда шаванд.
Алишер АЛИЗОДА,
муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ
ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
АКС: АМИТ «Ховар»








Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд
Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид






