НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт

Февраль 5, 2026 09:40

ДУШАНБЕ, 05.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз ҷониби занони ҳунарманду соҳибкори мамлакат 606 лоиҳаи грантӣ ворид гардид, ки аз ин теъдод 200 лоиҳаи мақсаднок ба маблағи 15 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфт. Дар ин хусус Раиси Кумита кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода 5 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Таъкид гардид, ки бо мақсади дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2025-2030» тасдиқ гардид. Дар ин замина маблағи гранти президентӣ аз 5 миллион ба 15 миллион сомонӣ ва теъдоди лоиҳаҳо аз 120 ба 200 адад зиёд карда шуд.

Иброз гардид, ки бо ибтикори занони ҳунарманду соҳибкори гирандаи грантҳои президентӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо марказҳои ҳунармандӣ ва коргоҳҳои дӯзандагӣ таъсис ёфта, таҳти роҳбарии занони боистеъдод фаъолият мебаранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон иброз менамоянд, ки «дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону духтарон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар натиҷаи дастгириҳои мазкур сафи занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда рӯз то рӯз меафзояд».

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила иброз дошт, ки соли 2025 дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» аз ҷониби Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ аз шумораи умумии 74 ҳазору 276 нафар занони муроҷиатнамуда 35 ҳазору 629 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, 16 ҳазору 240 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2026 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд