МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
ҲИСОР, 19.02.2026/АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор падару модарон бо фарзандон — сарбозоне, ки дар сафи Артиши миллии мамлакат хизмат менамоянд, дидорбинӣ намуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз бахши матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.
Волидайн таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Ҳисор Сироҷиддин Каримзода ба дидорбинии фарзандонашон- сарбозоне, ки дар қисмҳои низомии вилояти Хатлон адои хизмат менамоянд, рафта, бо саломатӣ ва шароити хизмати ҳарбии онҳо шинос шуданд. Ҳамчунин барои 500 сарбози қисмҳои ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд.
Волидайни сарбозон аз он изҳори хурсандӣ намуданд, ки фарзандонашон дар беҳтарин шароит хизмати Ватан-Модарро адо менамоянд. Барои сарбозон ҷойи хоби муносиб,ошхонаҳои кушоду барҳаво, китобхона ва толорҳои варзишӣ, синфхонаҳои дарсхонӣ ва дигар имконият муҳайё мебошад.
Бо дидани ин шароиту имконият волидони сарбозон даъват ба амал оварданд, ки дар вазъияти имрӯзаи ҷаҳон ҳар падару модар бояд кӯшиш намояд, ки фарзандашро хуб тарбия карда, барои гузаштан аз ин мактаби мардонагӣ ва ҳифзи Ватан онҳоро ба сафи Артиши миллӣ гусел кунад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






