«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ

Февраль 4, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 04.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳангоми сафар ба дигар давлатҳо дастрасӣ ба каналҳои маъмулии муошират метавонад маҳдуд бошад. Дар чунин ҳолатҳо алтернативаи боэътимод барои алоқа бо наздикону пайвандон замимаи мобилии «МегаФон Life» мегардад. Онро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам берун аз он истифода бурдан мумкин аст. Дар хориҷа замима инчунин имкон медиҳад, ки хароҷоти алоқа ба таври назаррас кам карда шавад.

Зангҳои ройгон ба тамоми ҷаҳон

Дар Super App аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» зангҳои овозӣ ва видеоии «Life to Life», яъне дар дохили шабака дастрасанд. Барои ин танҳо мавҷудияти дастрасӣ ба интернет зарур аст. Муошират байни истифодабарандагон ба таври ройгон амалӣ мегардад, ки ин «МегаФон Life»-ро дар роуминги байналмилалӣ боз ҳам муфид мегардонад.

Ҳангоми зангҳо ба шабакаҳои мобилӣ маблағи кам сарф менамоем 

Имконияти зангҳои «Life to GSM» – бевосита аз замима ба рақамҳои мобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фароҳам оварда шудааст. Барои анҷом додани зангҳо бо чунин тарз ба муштарӣ тарофаи пардохтшуда ва пайваст будан ба интернет зарур аст. Арзиши дақиқаҳои суҳбат 30 дирамро ташкил медиҳад – ин нисбат ба нархномаҳои стандартии роумингӣ пасттар аст.

Ягон зангро аз даст намедиҳед!

Дар замима метавон хизматрасонии «Интиқоли даъват аз як суроға ба суроғаи дигар: зангҳо ба Life»-ро пайваст кард ва бе тағйир додани шаклҳои муошират ба хориҷа сафар намуд. Тамоми даъватҳои воридотӣ ба таври автоматӣ бевосита ба замимаи «МегаФон Life» равона карда мешаванд.

SMS берун аз роуминг

Боз як хизматрасонии муносиб дар замима – «SMS-ҳои воридотӣ ба Life» мебошад, ки қабули паёмакҳои муҳим аз наздикону пайвандон, бонкҳо ва хизматрасониҳоро имкон медиҳад. Ҳама SMS-ҳо бевосита ба замима, новобаста аз мамлакати иқомат ворид мегарданд. Ҳамин тариқ, ҳангоми мавҷуд будани дастрасӣ ба интернет «МегаФон Life» ҳамчун паёмрасони мукаммал кор карда, барои анҷом додани зангҳо, паёмнависӣ ва табодули файлҳо имкон медиҳад.

Хизматрасониҳои зарурӣ – дар як дақиқа 

Барои фаъол гардонидани дилхоҳ хизматрасонӣ – масалан, «Интиқоли даъват аз як суроға ба суроғаи дигар: зангҳо ба Life» ё «SMS-ҳои воридотӣ ба Life», — дар саҳифаи асосии замима ворид шудан ба қисми «Боз», интихоб кардани «Интиқоли даъват аз як суроға ба суроғаи дигар: зангҳо ба Life» ё «SMS-ҳои воридотӣ ба Life» ва гардонидани даврача ба тарафи рост барои фаъолкунӣ зарур аст. Ин амалро ҳатман қаблан пеш аз сафар ба дигар давлат анҷом диҳед!

Имконияти бештар – дар намунаҳои нав 

Замимаи «МегаФон Life» мунтазам такмил меёбад. Дар намунаҳои нав сифати зангҳо беҳтар шуда, истифодаи хизматрасонӣ дар хориҷа осонтар гардидааст. Оператор садоро дар замима наву беҳтар гардонд, инчунин барои баланд бардоштани сифати пайвастшавӣ талош варзид. Ин садо ва тасвирро ҳангоми зангҳои видеоӣ устувортару возеҳтар намуд. Замимаи «МегаФон Life» –ро мунтазам то намунаи охирин нав кунед, то аз тамоми имконияти нав баҳраманд гардед!

«МегаФон Life»- ро боргирӣ намоед, то алоқаро дар саросари ҷаҳон муносибу муфид созед!

АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон

Февраль 4, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид