МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид

Февраль 11, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи машқҳои пагоҳирӯзӣ, ки бо иштироки кормандони ҳама вазорату идораҳо ва муассисаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои шанбе дар боғҳои фароғатии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, барои соли 2026 тасдиқ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи нақша баргузории машқҳои оммавӣ-варзишӣ, солимгардонӣ ва пагоҳирӯзӣ таҳти унвони «Миллати ҷисман солим руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» тасдиқ гардида, кормандони вазорату идораҳо, сарфи назар аз рӯзи корӣ ё истироҳат дар санаи муайянгардида бояд дар машқҳои пагоҳирӯзӣ иштирок кунанд.

Инчунин кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар боғу гулгаштҳо, майдонҳои варзишии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хобгоҳҳои донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷу литсейҳо ба варзиш ҷалб карда мешаванд.

Баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ 23 майи соли 2013 баён гардида буд. Қарор дода шуд, ки ҳар рӯзи шанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ «Рӯзи варзиш» эълон карда шуда, бояд аҳли ҷомеа, аз ҷумла кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ ба он ҷалб карда шаванд.

Машқҳои пагоҳирӯзӣ дар шаҳри Душанбе ҳар ҳафта аз соати 07:30 то 08:30 дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон», «Куруши Кабир», «Парчами давлатии Тоҷикистон», боғҳои фарҳангӣ- фароғатии ба номи «Абулқосим Фирдавсӣ», «Устод Рӯдакӣ», «Аҳмади Дониш», инчунин дар назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳо баргузор карда мешавад.

Мақсади баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки кормандони вазорату идораҳо аз тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, пешгирии фарбеҳшавӣ, оммавигардонии варзиш ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш иборат мебошад.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат муносибат ба соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тандурустию тавонмандӣ ва воситаи муаррифи давлати соҳибистиқлол мазмуну моҳияти нав пайдо кард.

То 1 декабри соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мувофиқи маълумоти оморӣ, 11 ҳазору 280 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликият ба қайд гирифта шудааст. Дар онҳо ҷавонону наврасон, варзишгарону сокинони мамлакат аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш ба машқу тамринҳои доимӣ фаро гирифта шудаанд.

Маҳз бунёди чунин иншооти замонавӣ ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ барои рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш заминаи мусоид фароҳам оварда, варзишгарони тоҷик имрӯз Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳон муаррифӣ менамоянд. Аз ҷумла, соли 2025 варзишгарони тоҷик аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ ба хазинаи варзишии мамлакат 510 медал, аз ҷумла 140 медали тилло, 166 нуқра ва 204 биринҷӣ ворид намуданд. Натиҷаҳои бадастовардаи варзишгарон нисбат ба соли 2024 62 медал (6 медали тилло, 58 нуқра ва 2 биринҷӣ) зиёд мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд