Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ZET-MOBILE бо шукуҳ ва руҳияи идона иқдоми бузурги «Миллионро гир»-ро ба анҷом расонд ва ба яке аз муштариёнаш шоҳҷоиза — 1 000 000 сомонӣ тақдим намуд.
Анҷоми иқдом дар пахши мустақими телевизиони «Сафина» баргузор шуда, тариқи куръакашӣ соҳиби хушбахти миллион сомонӣ муайян гардид.
Маросими бошукӯҳи тақдими ҷоизаҳо дар фазои идона дар Боғи “Куруши Кабир” баргузор гардид. Дар ин чорабинии тантанавӣ Директори генералии ZET-MOBILE Бахтиёр Ҳамидов, шахсан ба ғолибон ҷоизаҳои онҳоро супорид. Фазои идона бо барномаи мусиқӣ, меҳмони даъватшуда блогер ва ҳунарманд – Абдухалил Буриев, тӯҳфаҳо, сертификатҳо, шириниҳо ва сюрпризҳои гуногуни ширкати ZET-MOBILE боз ҳам ҷолибтар гардид.
Иштирок дар иқдом осон ва дастрас буд: бо харидории ID ҳамагӣ бо нархи 3 сомониву 50 дирам, муштариён имкони бурди ҷоизаҳои калони пулӣ пайдо карданд. Ин иқдом ҳазорон иштирокчиро аз тамоми гӯшаву канори кишвар муттаҳид намуда, ба яке аз лоиҳаҳои бузургтарини сол табдил ёфт.
Илова бар шоҳҷоиза, дар анҷом ТОП-5 иштирокчиёни фаъолтарин муайян гардиданд, ки шумораи аз ҳама зиёди ID харидорӣ намуда буданд. Онҳо мукофотҳои пулӣ ба маблағи 30 000, 25 000, 20 000, 15 000 ва 10 000 сомонӣ ба даст оварданд.
Иқдом аз 15 августи соли 2025 оғоз ёфта, то 31 декабри 2025 давом кард. Дар ин давра чор бозии давравӣ баргузор гардид, ки дар доираи он ҳар моҳ се нафар соҳиби 10, 15 ва 20 ҳазор сомонӣ мегардиданд. Ва охирон ғолибони ҷоизаҳои давравӣ барои моҳи декабр низ дар пахши мустақим муайян гардиданд.
ZET-MOBILE ҳамеша кӯшиш менамояд, ки иқдомҳои ҷолибу бурднок барои муштариёни дустдоштаи худ баргузор намояд. Ҳамасола дар иқдомҳое, ки ширкат баргузор менамояд, иштирокчиён имконияти бурди хона, мошин ва туҳфаҳои арзишмандро доранд.
Имсол, барои боз ҳам бештар шод намудани муштарён ZET-MOBILE тасмим гирифт иқдоме баргузор намояд, ки дар натиҷаи он як нафар муштарӣ миллионер гардид.
ZET-MOBILE минбаъд низ ният дорад муштариёнашро бо лоиҳаҳои бузурги нав шод гардонад ва шумораи миллионерони Тоҷикистонро боз ҳам бештар намояд.
АКС: ширкати ZET-MOBILE













Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






