Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар марҳалаи муосир башарият дар симои терроризми байналмилалӣ бо душмани бераҳм ва хатарноке рӯ ба рӯ омада, тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумибашариро поймол намудааст. Дар ин замина он барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз ҳеҷ гуна ваҳшоният рӯй намегардонад. Терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлуби аср ба амнияти давлатҳо ва суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад.
— Бинобар ин, яке аз шартҳои муҳимми ба даст овардани муваффақият дар мубориза бар зидди терроризм фаъолияти ҳамоҳангшуда ва босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Танҳо тавассути ҳамкории зич, омодагии баланди касбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавӣ метавон пеши роҳи чунин таҳдидҳоро гирифт.
Таҳлили вазъи муосири геосиёсӣ нишон медиҳад, ки рушди инсон ва сатҳи зиндагӣ дар минтақаҳои гуногуни сайёра хеле нобаробар аст. Аз ин рӯ, давлатҳоро метавон ба се гурӯҳ ҷудо кард:
- Давлатҳои дорои иқтисодиёти рушдкарда, ки сатҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоияшон баланд мебошад;
- Давлатҳои рӯ ба инкишоф, ки қадамҳои аввалини устувор кардани иқтисодиёт ва зерсохторро мегузоранд;
- Кишварҳое, ки дар рушди худ аз дигар кишварҳои ҷаҳон хеле қафо мондаанд ва ба дастоварди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ниёзманд мебошанд.
Дар ин замина, таъмини амнияти марзу буми давлат, ҳифзи якпорчагии сарзамин ва суботи ҷомеа аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат маҳсуб мешавад. Дар ин раванд нақши Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди Ватан ва омили осоиштагию сарҷамъии миллати тоҷик ниҳоят бузург арзёбӣ мегардад.
Артиши миллӣ ҳамчун кафили таҳкими истиқлолу якпорчагии давлат ба рушди ҳамкории байналмилалӣ ва таҳкими эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ аҳаммияти махсус медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати хориҷӣ мавқеи устувори сулҳҷӯёна ва созандаро пеш гирифта, имрӯз дар ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун давлати ташаббускор ва ҷонибдори сулҳу субот эътироф гардидааст.
Бояд гуфт, ки Артиши миллии Тоҷикистон артиши сулҳпарвар ва ҳомии амнияту суботи давлат ба ҳисоб меравад. Он дар баробари иҷрои рисолати конститутсионии худ дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва баланд бардоштани нуфузи давлат дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои муассиру самарабахш ва созандаро бо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ пайваста густариш медиҳад. Имрӯз шаҳри Душанбе ба маркази муҳимми баррасии масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табдил ёфтааст. Дар пойтахт чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ, аз ҷумла Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба мубориза бар зидди терроризм баргузор гардиданд.
Соли 2019 Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати якчанд созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро ба уҳда дошт. Соли 2020 раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Раванди Истанбул оид ба Афғонистон доир гардид.
Инчунин дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018–2028” ва ташаббуси “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” баргузор гардид. Дар татбиқи чунин ташаббусҳо ва баргузории маъракаҳои сатҳи байналмилалӣ нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас буда, он ҳамчун ниҳоди таъминкунандаи амният ва субот барои осоиштаю муназзам баргузор шудани ин чорабиниҳо шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар ин раванд Артиши миллӣ ҳамчун кафили таҳкими истиқлолияти давлатӣ, мактаби бузурги ватандӯстӣ ва пойдевори тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ аҳамияти бузурги таърихию ҷаҳонӣ дорад. Он ҳамчун сипари боэътимоди Ватани соҳибистиқлол барои ҳифзи марзу буми мамлакат, таъмини амнияту субот ва таҳкими Ваҳдати миллӣ хизмат менамояд.
Дар шароити муосир Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо неруи мудофиавӣ, балки мактаби камолоти ҷавонмардӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ифтихори миллӣ ба шумор меравад. Тавассути он насли ҷавон дар руҳияи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ тарбия меёбад.
Дар ҳақиқат, вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақа моро водор месозад, ки ба масъалаи таҳкими иқтидори мудофиавӣ ва таъминоти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем. Артиши миллӣ ҳамчун кафили Истиқлоли давлатӣ ва ҳомии сулҳу суботи ҷомеа дар ин раванд нақши калидӣ дорад.
Мардуми шарафманди тоҷик дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 33-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихор таҷлил менамояд. Имрӯз Артиши миллӣ мактаби бузурги ватандӯстӣ ва шуҷоат буда, макони тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ барои ҷавонон аст.
Нақши Артиши миллӣ дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосирро мавриди омӯзиш қарор дода, ба чунин хулоса расидем:
- дар ҷаҳони муосир Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун унсури муҳимми қудрат ва ниҳоди асосии давлатӣ боқӣ мемонанд;
- дар аввали асри XXI нақши Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳифзи манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии давлатҳои ҷаҳон ба таври қобили таваҷҷуҳ афзоиш ёфтааст;
- Артиши миллӣ ташкилоти Қувваҳои Мусаллаҳ аст, ки барои ҳифзи истиқлолият, якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва осоиштагии ҳаёти мардум таъсис ёфтааст;
- дар давраи таъсис таҳкурсии ҳуқуқии Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуда, қонунҳо ва санадҳои муҳим, аз ҷумла “Дар бораи мудофиа”, “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ” қабул шуданд.
Муқаддасу бегазанд нигоҳ доштани Истиқлоли давлатӣ дастоварди бузург ва неъмати миллӣ маҳсуб шуда, рисолати ҳар шаҳрванди худшиносу баномуси Тоҷикистон ва Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Азимҷон РАҲМОНЗОДА,
ходими пешбари илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
номзади илмҳои таърих








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. Дар Душанбе ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
Дар Тоҷикистон 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бошукуҳ таҷлил мегардад
АРТИШИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ УСТУВОРИИ ДАВЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Ин неруи боэътимод имрӯз амнияти давлат ва оромии ҷомеаро ҳифз менамояд






