НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
ДУШАНБЕ, 03.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сохтмони 109 бинои баландошёна, 9 бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 8840 ҷойи нишаст, сохтмони 10 муассисаи томактабӣ барои 2020 кӯдак, бунёду навсозии 23 корхонаи саноатӣ ва бунёди 5 гулгашт дар назар аст. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт Дилшод Сафарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Дар давраи ҳисоботӣ 909 чорабинӣ иҷро гардида, 77 фоизи нақшаи панҷсола таъмин карда шуд. Ҳамзамон аз 253 чорабинии нақшавии соли 2025 ба ҳолати 31 декабри соли 2025 238 чорабинӣ амалӣ гардида, иҷрои нақшаи солона 94 фоизро ташкил медиҳад», -афзуд Дилшод Сафарзода.
Ба иттилои раиси ноҳия, дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба ҳолати 31 декабри соли 2025 дар 22 маҳаллаи ноҳия бо ташаббуси вакилон, соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва сокинони маҳаллаҳо 15 километру 919 метр роҳҳои дохили маҳаллаҳо бо асфалти гарм мумфарш карда шуд.
Инчунин дар 31 маҳаллаи ҳудуди ноҳия бо ҷалби сокинон ва ба тариқи ҳашар 27 километру 766 метр роҳу кӯчаҳо бетонпӯш карда шуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






