НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Прокурори генералии Тоҷикистон аз паҳншавии моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд
ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар нишасти матбуотӣ, ки 13 феврал дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, доир ба афзоиш ва паҳн гардидани моддаҳои писохотропӣ, аз ҷумла ҳабҳои синтетикӣ дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки чунин зуҳурот ба генофонди миллат таъсири манфӣ мерасонад ва он бояд пешгирӣ карда шавад.
Ҳабибулло Воҳидзода афзуд, ки дар ин самт кормандони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар гурӯҳҳои корӣ ва санҷишҳое, ки дар марказҳои дилхушӣ, бозиҳои компютерӣ ва дигар клубҳо оид ба ҷилавгирии истифодаи моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикӣ гузаронида мешаванд, иштирок менамоянд. Зимни ин дар бисёр ҳолатҳо шахсон муайян гардида, масъалаи ҷавобгарии онҳо гузошта мешавад.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки маводи синтетикӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсол намешавад ва ягон озмоишгоҳ ҳам оид ба истеҳсоли маводи психотропӣ- ҳабҳои синтетикӣ дар ҷумҳурӣ вуҷуд надорад, балки он аз кишварҳои хориҷӣ- давлатҳои ҳамсоя бо ҳар гуна роҳҳои ғайриқонунӣ ворид карда мешавад.
Прокурори генералӣ иброз намуд, ки дар ин самт кормандони мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқи мамлакат, ки бевосита дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ масъуланд, аз қабили Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмуъ тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеа бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надода, пеши роҳи воридоти моддаҳои психотропӣ, хусусан ҳабҳои синтетикиро гиранд, зеро афзоиш ва паҳн гардидани он дар байни ҷавонон, хусусан ҷавондухтарон хеле нигаронкунанда аст.
Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад 2 феврал дар нишасти матбуотӣ доир ба ин масъала изҳор намуд, ки соли 2025 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷумҳурӣ 5 тоннаю 280 кг маводи нашъаовар аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира карда шуд, ки нисбат ба соли 2024 898 кг 835 грамм ё 21 фоиз зиёд мебошад.
Инчунин аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ соли 2025 253 кг 417 грамм моддаҳои психотропӣ мусодира карда шуданд, ки нисбат ба соли 2024 142 кг ё 2 маротиба зиёд мебошад. Аз ин миқдор 247 килограмм ё 97 фоизи онро метамфетамин ташкил дод. Таъкид гардид, ки ҳаҷми метамфетамини соли 2025 мусодирашуда дар таносуб ба соли 2024 2,3 маротиба ё 141 кг зиёд аст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






