НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд

Февраль 9, 2026 15:20

ВАРЗОБ, 09.02.2025 /АМИТ«Ховар»/. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 дар 22 мусобиқаи минтақавӣ, 22 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, 4 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 10 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, 202 медал (75 медали тилло, 61 медали нуқра ва 66 медали биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки дар ноҳияи Варзоб барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 158 иншоот ба нақша гирифта ва то имрӯз 110 иншооти гуногуни ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар айни замон дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Бояд гуфт, ки соли 2025 бо маблағгузории Мақомоти иҷроия ва соҳибкорон дар ҳаҷми 10 миллиону 400 ҳазор сомонӣ дар деҳаҳои Даштимирон ва Қулписта ду бинои нави муассисаи таълимӣ, инчунин толори варзишӣ дар деҳаи Яккачуғуз, ҳаммоми замонавӣ дар маркази ноҳия, маркази хизматрасонии дандонпизишкӣ ва маркази савдо дар деҳаи Чорбоғ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 ба минтақаҳои сайёҳӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзоб 74 ҳазору 556 сайёҳи дохилию хориҷӣ омадаанд, ки нисбат ба соли 2024 1921 нафар зиёд мебошад. Аз ҷумла, 6970 нафар сайёҳони хориҷӣ минтақаҳои сайёҳии ноҳияи Варзобро тамошо намуданд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд