Ғолибони мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Темурмалик муайян гардиданд
ДУШАНБЕ, 16.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди соҳаи варзиш ва эҳёи анъанаҳои миллӣ 15 феврал дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид.
Дар мусобиқа паҳлавонони тоҷик Парвиз Абдураҳмонов, Субҳиддин Халилзода, Саидаҳтам Алимардонов, Ҳайдар Саидкабирзода, Фирдавс Насимов, Улуғбек Раҳимов, Фарҳод Раҳматуллобеков, Саидшо Раҳматуллоев, Мирзоҷамил Рамазонов, Муқтадири Бобоҷон, Зикрулло Шарифов, Ҳусейн Исҳоқзода, Абдулло Лоиқов ва дигарон маҳорати баланд нишон дода, бар ҳарифонашон ғолиб омаданд.
Мусобиқа бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ва соҳибкорони бонанги ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гардид. Хотиррасон менамоем, ки аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа ба паҳлавонони ғолиб туҳфаҳои арзишманд, аз қабили се Шоҳҷоиза- мошини сабукрав, маблағҳои калони пулӣ ва туҳфаҳои боарзиш супорида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Темурмаликро барои ҳунар ва маҳорати арзанда се паҳлавони тоҷик- Парвиз Абдураҳмонов, Муқтадири Бобоҷон ва Саидраҳим Раҳимов соҳиб гардиданд.
Бояд гуфт, ки ташкили чунин мусобиқаҳо ба рушди минбаъдаи гӯштини миллӣ, таҳкими анъанаҳои варзишӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба варзиш ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию худшиносии миллӣ мусоидат менамояд.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






